-
Луқо 19:20–23Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
20 Вале ғуломи дигаре омада, гуфт: “Хӯҷаин, ана 100 тангаи* ту, ман онро ба латта печонида, пинҳон карда будам. 21 Ман аз ту метарсидам, зеро ту одами сахтгир ҳастӣ, пулеро, ки насупоридаӣ, мегирӣ ва он чиро, ки накоштаӣ, медаравӣ”.+ 22 Хӯҷаинаш бошад, ба вай гуфт: “Эй ғуломи бадкор, туро аз рӯйи гапи худат ҳукм мекунам. Охир, ту медонистӣ, ки ман одами сахтгирам, пулеро, ки насупоридаам, мегирам ва он чиро, ки накоштаам, медаравам.+ 23 Пас, чаро пули маро ба кор наандохтӣ, то омада, онро бо фоидааш гирам?”
-