-
Марқус 15:16–20Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
16 Сарбозон ӯро ба ҳавлии қасри ҳоким бурданд ва тамоми сарбозони дигарро ба он ҷо ҷамъ карданд.+ 17 Онҳо ба Исо матои бунафшранг пӯшониданд, аз хорҳо тоҷе бофта, ба сараш монданд 18 ва гуфтанд: «Салом, эй Подшоҳи яҳудиён!»+ 19 Ҳамчунин онҳо бо қамиш ба сараш мезаданд, ба рӯяш туф мекарданд ва зону зада ба ӯ таъзим менамуданд. 20 Баъд аз мазоқу масхара кардани ӯ онҳо матои бунафшрангро аз танаш кашида, ба ӯ либоси худашро пӯшонданд ва ӯро гирифта бурданд, то ба сутун мехкӯб кунанд.+
-