26 Онҳо ба соҳил, ба сарзамини ҷарҷасиён,+ ки дар муқобили Ҷалил ҷойгир буд, расиданд. 27 Вақте Исо ба соҳил фаромад, бо марде рӯ ба рӯ шуд, ки аз аҳли он шаҳр буд ва дар банди дев қарор дошт. Муддати зиёде шуда буд, ки ӯ либос намепӯшид ва на дар хона, балки дар байни қабрҳо зиндагӣ мекард.+