38 Марде, ки пештар дев дошт, аз Исо бисёр илтиҷо кард, ки ӯро ҳамроҳаш гирад, вале Исо ӯро ҷавоб дода гуфт:+ 39 «Ба хонаат баргард ва он чиро, ки Худо бароят кардааст, ба ҳама нақл кун». Он мард рафта, кореро, ки Исо барояш кард, дар тамоми шаҳр эълон намуд.