-
Матто 22:23–28Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
23 Он рӯз саддуқиён, ки ба зиндашавӣ бовар намекарданд,+ назди Исо омада, пурсиданд:+ 24 «Устод, пайғамбар Мӯсо гуфтааст: “Агар мард фарзанд надида бимирад, бародари он мард бояд бо зани ӯ хонадор шавад ва барои бародараш насл ба дунё орад”.+ 25 Дар як оила ҳафт бародар буд. Бародари калонӣ оиладор шуд ва, азбаски соҳиби фарзанд нагашта мурд, зани вайро додараш гирифт. 26 Бо бародари дуюм, сеюм ва то ҳафтум айнан ҳамон ҳодиса рӯй дод. 27 Баъд аз ҳамаи онҳо худи зан ҳам мурд. 28 Пас, дар вақти зиндашавӣ вай зани кадоме аз он ҳафт бародар мешавад? Охир, ҳамаи онҳо ӯро ба занӣ гирифта буданд».
-
-
Луқо 20:27–33Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
27 Баъзе аз саддуқиён*, ки ба зиндашавӣ бовар намекарданд,+ назди Исо омада, пурсиданд:+ 28 «Устод, пайғамбар Мӯсо ба мо навишта буд, ки “агар марде фарзанддор нашуда бимирад, бародари он мард бояд бо зани ӯ хонадор шавад ва барои бародараш насл ба дунё орад”.+ 29 Дар як оила ҳафт бародар буд. Бародари калонӣ зан гирифт, вале фарзанддор нашуда мурд. 30 Пас аз ӯ бародари дуюм, 31 баъд сеюм ва ҳамин тавр ҳамаи он ҳафт бародар бо он зан оиладор шуданд, вале насле ба дунё наоварда мурданд. 32 Оқибат худи зан ҳам мурд. 33 Пас, дар вақти зиндашавӣ вай зани кадоми онҳо мешавад? Охир, ҳамаи он ҳафт бародар ӯро ба занӣ гирифта буданд».
-