-
Матто 24:15–20Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
15 Шумо, чуноне ки ба воситаи пайғамбар Дониёл гуфта шудааст, чизи нафратангези харобиоварро дар ҷойи муқаддас хоҳед дид+ (бигзор хонанда ақлу ҳушашро кор фармуда ба ин сарфаҳм равад). 16 Он вақт ҳамаи онҳое, ки дар Яҳудия ҳастанд, ба кӯҳистон гурезанд.+ 17 Бигзор ҳар кӣ дар болои бом аст, барои гирифтани чизу чорааш поён нафарояд 18 ва ҳар кӣ дар саҳрост, барои гирифтани ҷомаи худ ба хона барнагардад. 19 Вой бар ҳоли заноне, ки он рӯзҳо ҳомиладор бошанд, ва модароне, ки кӯдаки ширмак дошта бошанд! 20 Дуо гӯед, ки гурехтани шумо ба зимистон ё рӯзи шанбе рост наояд,
-
-
Луқо 21:20–23Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
20 Аммо, вақте Ерусалимро дар иҳотаи лашкарҳо бинед,+ бидонед, ки харобии он наздик аст.+ 21 Он вақт ҳамаи онҳое, ки дар Яҳудия ҳастанд, ба кӯҳистон гурезанд,+ онҳое, ки дар даруни шаҳр мебошанд, баромада раванд ва онҳое, ки дар гирду атрофанд, ба он надароянд, 22 зеро он рӯзҳо рӯзҳои ҷазо* мебошанд, то ҳамаи навиштаҳо иҷро гарданд. 23 Вой бар ҳоли заноне, ки он рӯзҳо ҳомиладор бошанд, ва модароне, ки кӯдаки ширмак дошта бошанд!+ Охир, бар ин сарзамин азобу уқубати зиёд меояд ва ин одамон гирифтори ғазаб мешаванд.
-