-
Луқо 23:20–25Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
20 Вале Пилотус, ки Исоро озод кардан мехост, боз ба онҳо сухан гуфт.+ 21 Онҳо бошанд, дод зада мегуфтанд: «Ӯро бикуш!* Ӯро бикуш!»+ 22 Пилотус бори сеюм ба онҳо гуфт: «Барои чӣ? Ин одам чӣ бадӣ кардааст? Ман дар ӯ ҳеҷ айби сазовори марг наёфтам, барои ҳамин пас аз ҷазо додан ӯро озод мекунам». 23 Онҳо бошанд, якравӣ карда бо овози баланд талаб мекарданд, ки ӯро ба қатл расонад. Онҳо чунон фарёд мезаданд,+ ки 24 оқибат Пилотус қарор кард, ки талабашонро қонеъ кунад. 25 Ӯ мувофиқи талаби онҳо шахсеро, ки барои исён ва одамкушӣ ба зиндон партофта шуда буд, озод кард, вале Исоро ба ихтиёри онҳо супорид.
-