-
Юҳанно 19:23, 24Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
23 Пас аз он ки сарбозон Исоро ба сутун мехкӯб карданд, либосашро гирифта, чор тақсим карданд ва ба ҳар сарбоз якҳиссагӣ расид. Онҳо куртаашро ҳам гирифтанд, вале он дарз надошт, балки аз боло то поён бофта шуда буд. 24 Онҳо ба якдигар гуфтанд: «Биёед онро надарронем, балки қуръа партофта, бинем, ки он ба кӣ мерасад».+ Ин барои он рӯй дод, то порчаи зерини Навиштаҳо иҷро шавад: «Пӯшокамро байни худ тақсим карданд ва барои либосам қуръа партофтанд».+ Сарбозон айнан ҳамин тавр карданд.
-