14 Боре Исо дар рӯзи шанбе ба хонаи яке аз сардорони фарисиён меҳмон шуд ва касоне, ки дар он ҷо буданд, ба ӯ бодиққат нигоҳ мекарданд. 2 Дар он хона марде буд, ки бемории обхӯра дошт. 3 Исо аз фарисиён ва донандагони Шариат пурсид: «Оё дар рӯзи шанбе шифо додан равост?»+