-
Матто 8:24–27Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
24 Ногаҳон дар баҳр тӯфони чунон сахте ба амал омад, ки қаиқ аз об пур шудан гирифт, вале Исо хоб буд.+ 25 Он гоҳ шогирдон ба наздаш омаданд ва ӯро бедор карда, гуфтанд: «Ҳазрат, моро наҷот деҳ, ки ҳозир мемурем!» 26 Лекин Исо ба онҳо гуфт: «Эй сустимонҳо, чаро ин қадар метарсед?»+ Сипас ӯ аз ҷояш хеста, шамол ва баҳрро ором* кард. Ҳамон лаҳза тамоми ҷоро хомӯшӣ фаро гирифт.+ 27 Шогирдонаш ҳайрон шуда гуфтанд: «Ин мард кист, ки ҳатто шамол ва баҳр ба ӯ итоат мекунанд?»
-
-
Марқус 4:37–41Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
37 Каме баъд тӯфони сахте бархест ва мавҷҳо ба қаиқ бархӯрда, қариб буд онро аз об пур кунанд.+ 38 Исо бошад, дар ақиби қаиқ бар болишт хоб буд. Онҳо ӯро бедор карда, гуфтанд: «Устод, магар парвое надорӣ, ки мо ҳозир мемурем?» 39 Ӯ аз ҷояш хеста, шамолро ором* кард ва ба баҳр гуфт: «Бас! Ором шав!»+ Он гоҳ шамол бозмонд ва тамоми ҷоро хомӯшӣ фаро гирифт. 40 Сипас ӯ ба онҳо гуфт: «Чаро ин қадар метарсед? Магар то ҳол як зарра ҳам имон надоред?» 41 Лекин онҳо беҳад сахт тарсида, ба якдигар гуфтанд: «Ин кист, ки ҳатто шамол ва баҳр ба ӯ итоат мекунанд?»+
-