-
Матто 17:14–16Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
14 Вақте ки онҳо назди мардум омаданд,+ марде пеши Исо омад ва зону зада, гуфт: 15 «Ҳазрато, ба писарам раҳм кун, чунки ӯ гирифтори бемории саръ* аст ва аҳволаш вазнин аст. Ӯ дам ба дам гоҳ ба обу гоҳ ба оташ меафтад.+ 16 Ман писарамро назди шогирдонат овардам, аммо онҳо ӯро шифо дода натавонистанд».
-
-
Марқус 9:17, 18Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
17 Аз байни мардум марде ҷавоб дод: «Устод, ман писарамро ба пешат овардам, чунки вай гирифтори дев аст ва он писарамро гунг кардааст.+ 18 Ҳар боре дев ҳамла кунад, писарамро ба замин мезанад ва аз даҳони вай кафк мебарояд, дандонҳояш ба ҳам месояд ва вай тамоман бемадор мешавад. Ман аз шогирдонат хоҳиш кардам, ки девро аз писарам берун кунанд, аммо онҳо натавонистанд».
-