-
Корнома 16:17, 18Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
17 Он духтар аз қафои мову Павлус гашта, фарёд мезад: «Ин одамон бандагони Худои Таолоянд+ ва ба шумо роҳи наҷотро нишон медиҳанд». 18 Вай чандин рӯз ҳамин тавр мекард. Оқибат Павлус аз ин безор шуду ба ақиб нигоҳ карда, ба рӯҳи нопок гуфт: «Ба номи Исои Масеҳ ба ту амр мефармоям, ки аз вай берун шав!» Ҳамон лаҳза дев аз духтар берун шуд.+
-