-
Дониёл 7:13, 14Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
13 Дар рӯъёҳои шаб ман боз дидам, ки касе мисли фарзанди одам+ бо абрҳои осмон меомад ва ба ӯ иҷозат дода шуд, ки ба Қадимулайём+ наздик шавад, ва вайро назди Ӯ оварданд. 14 Ба ӯ ҳокимият,+ шукӯҳ+ ва подшоҳӣ дода шуд, то одамони ҳамаи халқҳо, миллатҳо ва забонҳо ба ӯ хизмат кунанд.+ Ҳукмронии ӯ абадист ва ҳаргиз аз байн намеравад ва подшоҳии ӯ нест намешавад.+
-
-
Матто 6:9–13Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
9 Барои ҳамин ин тавр дуо гӯед:+
“Эй Падари мо, ки дар осмонӣ, номи ту+ муқаддас бод!*+ 10 Подшоҳии+ ту биёяд. Хости+ ту дар замин чун дар осмон иҷро гардад*.+ 11 Ризқу рӯзии имрӯзаамонро бидеҳ+ 12 ва қарзҳои* моро бибахш, чи тавре ки мо низ қарздорони худро* бахшидем.+ 13 Нагузор, ки ба васваса афтем,+ балки моро аз Шайтон* халос кун”.+
-