Матто 6:20 Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав 20 балки дар осмон боигарӣ ҷамъ кунед,+ чунки дар он ҷо куя ва занг намезанад+ ва дуздон даромада, намедузданд. Матто 19:21 Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав 21 Исо ба ӯ гуфт: «Агар комил будан хоҳӣ, рафта, тамоми чизу чораатро бифурӯш ва ба камбағалон тақсим кун, то дар осмон соҳиби ганҷ шавӣ.+ Пас аз ин омада, маро пайравӣ кун».+ Марқус 10:21 Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав 21 Исо бо меҳр ба вай нигоҳ карда, гуфт: «Фақат як чиз ба ту намерасад — рафта, тамоми чизу чораатро бифурӯш ва ба камбағалон тақсим кун, то дар осмон соҳиби ганҷ шавӣ. Пас аз ин омада, маро пайравӣ кун».+ Луқо 12:33 Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав 33 Он чӣ доред, фурӯхта, ба камбағалон тақсим кунед.+ Ҳамёнҳоеро ба даст оред, ки ҳеҷ гоҳ намедаранд, яъне дар осмон ганҷе ҷамъ кунед, ки ҳеҷ гоҳ тамом намешавад,+ чунки дузд ба он ҷо роҳ намеёбад ва куя онро намезанад. 1 Тимотиюс 6:18, 19 Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав 18 Ба онҳо бигӯ, ки некӣ кунанд, аз корҳои нек сарватманд шаванд, саховатманду дасткушод бошанд+ 19 ва ганҷе ҷамъ кунанд, ки барои оянда бунёди хуб мешавад.+ Бо ҳамин роҳ онҳо ҳаёти ҳақиқиро маҳкам нигоҳ медоранд.+
20 балки дар осмон боигарӣ ҷамъ кунед,+ чунки дар он ҷо куя ва занг намезанад+ ва дуздон даромада, намедузданд.
21 Исо ба ӯ гуфт: «Агар комил будан хоҳӣ, рафта, тамоми чизу чораатро бифурӯш ва ба камбағалон тақсим кун, то дар осмон соҳиби ганҷ шавӣ.+ Пас аз ин омада, маро пайравӣ кун».+
21 Исо бо меҳр ба вай нигоҳ карда, гуфт: «Фақат як чиз ба ту намерасад — рафта, тамоми чизу чораатро бифурӯш ва ба камбағалон тақсим кун, то дар осмон соҳиби ганҷ шавӣ. Пас аз ин омада, маро пайравӣ кун».+
33 Он чӣ доред, фурӯхта, ба камбағалон тақсим кунед.+ Ҳамёнҳоеро ба даст оред, ки ҳеҷ гоҳ намедаранд, яъне дар осмон ганҷе ҷамъ кунед, ки ҳеҷ гоҳ тамом намешавад,+ чунки дузд ба он ҷо роҳ намеёбад ва куя онро намезанад.
18 Ба онҳо бигӯ, ки некӣ кунанд, аз корҳои нек сарватманд шаванд, саховатманду дасткушод бошанд+ 19 ва ганҷе ҷамъ кунанд, ки барои оянда бунёди хуб мешавад.+ Бо ҳамин роҳ онҳо ҳаёти ҳақиқиро маҳкам нигоҳ медоранд.+