-
Матто 22:41–46Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
41 Ҳангоме ки фарисиён дар пеши Исо буданд, ӯ аз онҳо пурсид:+ 42 «Шумо дар бораи Масеҳ чӣ фикр доред? Ӯ писари кист?» Онҳо ҷавоб доданд: «Писари Довуд».+ 43 Ӯ боз ба онҳо гуфт: «Ин тавр бошад, барои чӣ Довуд зери илҳоми Худо+ ӯро “Ҳазрат” номида чунин гуфтааст: 44 “Яҳува ба Ҳазрати ман гуфт: “Аз дасти рости ман бинишин, то даме ки душманонатро зери поят андозам”?+ 45 Агар Довуд ӯро “Ҳазрат” номад, чӣ тавр ӯ писари вай буда метавонад?»+ 46 Ҳеҷ кас дар ҷавоб ба ӯ чизе гуфта натавонист ва баъд аз он касе ҷуръат накард, ки ба ӯ савол диҳад.
-
-
Марқус 12:35–37Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
35 Исо таълимашро дар ибодатгоҳ давом дода гуфт: «Барои чӣ шариатдонон мегӯянд, ки Масеҳ писари Довуд аст?+ 36 Охир, худи Довуд аз рӯҳи муқаддас илҳом гирифта гуфтааст:+ “Яҳува ба Ҳазрати ман гуфт: “Аз дасти рости ман бинишин, то даме ки душманонатро зери поят андозам”.+ 37 Худи Довуд ӯро “Ҳазрат” меномад, пас, чӣ тавр ӯ писари вай буда метавонад?»+
Мардум аз шунидани суханони ӯ ҳаловат мебурданд.
-