-
Матто 28:1Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
28 Пас аз рӯзи шанбе, дар рӯзи якуми ҳафта, вақте ки субҳ дамид, Марями Маҷдалия ва Марями дигарӣ барои хабар гирифтани қабр омаданд.+
-
-
Матто 28:8Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
8 Он занон бо тарс ва шодии азиме саросема аз пеши қабр давида рафтанд, то ин хабарро ба шогирдон расонанд.+
-
-
Луқо 24:9–11Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
9 ва баргашта, тамоми ин воқеаро ба 11 расул ва дигар шогирдон нақл карданд.+ 10 Он занҳо Марями Маҷдалия, Юҳона ва Марями модари Яъқуб буданд. Занҳои дигар низ, ки ҳамроҳи онҳо ба сари қабр рафта буданд, ба расулон ҳамон чизҳоро нақл карданд. 11 Вале ин суханон ба назарашон аз ақл берун намуд ва онҳо ба гапи занон бовар накарданд.
-