-
Корнома 26:9–11Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
9 Рости гап, ман худам бовар доштам, ки бояд бо ҳар роҳ бар зидди номи Исои носирӣ мубориза барам 10 ва дар Ерусалим ҳамин тавр ҳам мекардам: ман бисёре аз поконро ба зиндон партофтам,+ зеро аз коҳинони калон иҷозат гирифта будам+ ва, вақте ки ба онҳо ҳукми қатл бароварданӣ мешуданд, инро тарафдорӣ мекардам. 11 Маротибаҳои зиёд онҳоро дар ибодатхонаҳо ҷазо дода, маҷбур карданӣ мешудам, ки аз имонашон рӯ гардонанд. Азбаски хашму ғазабам ба онҳо хеле зиёд буд, онҳоро ҳатто дар шаҳрҳои дигар озор медодам.
-