-
1 Мӯсо 3:17–19Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
17 Ба Одам бошад, чунин гуфт: «Азбаски ба гапи занат гӯш додӣ ва аз меваи дарахте, ки ман амр+ фармуда “Аз он нахӯр” гуфтам, хӯрдӣ, замин аз барои ту гирифтори лаънат гаштааст.+ Тамоми умрат аз ҳосили он бо ранҷу азоб хоҳӣ хӯрд.+ 18 Он бароят хору хас мерӯёнад ва ту алафи саҳроро мехӯрӣ. 19 Бо арақи ҷабинат* нон мехӯрӣ, то даме ки ба замин, ки аз он гирифта шудаӣ,+ баргардӣ, зеро ту хок ҳастӣ ва ба хок бармегардӣ».+
-