-
1 Қӯринтиён 16:1Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
16 Дар мавриди ҷамъ кардани пул барои покон+ аз рӯйи дастуроте, ки ба ҷамоатҳои Ғалотия додаам, амал кунед.
-
-
2 Қӯринтиён 8:1–4Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
8 Ҳоло, эй бародарон, мехоҳем дар бораи лутфу марҳамате, ки Худо ба ҷамоатҳои Мақдуния+ кардааст, бидонед. 2 Онҳо бо вуҷуди камбағалии сахташон, ҳатто вақте дар озмоишҳо бисёр азоб мекашиданд, хеле шод буданд ва бо саховатмандии худ нишон доданд, ки бой ҳастанд. 3 Онҳо ҳар чӣ аз дасташон омад, карданд+ ва ман шоҳидам, ки ҳатто беш аз он чӣ метавонистанд, карданд.+ 4 Онҳо худашон аз мо гаштаю баргашта илтимос намуданд, ки хайрияашонро қабул кунем, зеро дастгирӣ кардани покон+ барояшон шараф аст.
-
-
2 Қӯринтиён 9:2Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
2 зеро ба ёрдам тайёр будани шуморо медонам ва аз ин дар пеши бародарони Мақдуния фахр карда мегӯям: «Бародарони Охоия як сол боз тайёранд». Ин ғайрати шумо бисёри онҳоро ба шавқ овард.
-
-
2 Қӯринтиён 9:12Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
12 Ин хизмати шумо на танҳо ба фаровонӣ эҳтиёҷоти поконро қонеъ мекунад,+ балки ҳамчунин сабаби он мегардад, ки касони бисёр Худоро шукр гӯянд.
-