24 Дар ин миён Апуллус+ ном яҳудие, ки аз Искандария буд, ба Эфсӯс омад. Ӯ марди суханвар буд ва Навиштаҳоро хуб медонист. 25 Апуллус роҳи Яҳуваро даҳонакӣ таълим гирифта буд ва бо ҷӯшу хурӯши рӯҳ дар бораи Исо сухан ронда, дуруст таълим медод, ҳол он ки танҳо таъмиди Яҳёро медонист.