-
Матто 13:11Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
11 Ӯ ба онҳо гуфт: «Ба шумо фаҳмидани сирру асрори муқаддаси Подшоҳии осмон ато шудааст,+ ба онҳо бошад, не.
-
-
Румиён 16:25, 26Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
25 Худо ба воситаи хабар дар бораи Исои Масеҳ ва хушхабаре, ки ба шумо эълон мекунам, қодир аст шуморо устувор гардонад. Ин хушхабар мувофиқи сирри муқаддасест,+ ки муддати дурудароз пинҳон буду ҳоло ошкор шудааст. 26 Ин сир ошкор шуд ва тамоми халқҳо ба воситаи пешгӯйиҳои Навиштаҳо аз он хабардор гаштанд. Ин ба амри Худои абадист, зеро ӯ мехоҳад, ки одамон имон оварда итоаткор шаванд.
-