-
Румиён 13:8, 9Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
8 Аз касе чизе қарздор набошед, ғайр аз муҳаббат ба якдигар,+ зеро ҳар кӣ дигареро дӯст медорад, шариатро ба ҷо меорад.+ 9 Амрҳои «ба ҳамсарат хиёнат накун»,+ «одам накуш»,+ «дуздӣ накун»,+ «ба моли мардум чашм ало накун»+ ва тамоми амрҳои дигари Шариат дар суханони зерин ҷамъбаст шудаанд: «Ёри худро мисли худ дӯст дор».+
-
-
Яъқуб 2:8Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
8 Агар шумо шариати шоҳонаро, ки дар Навиштаҳо омадааст, иҷро кунед, яъне мувофиқи амри «ёри худро мисли худ дӯст дор»+ амал намоед, кори хубе мекунед.
-