-
Титус 1:5–9Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
5 Туро, эй Титус, барои он дар ҷазираи Крит мондам, ки камбудиҳоро ислоҳ кунӣ ва мувофиқи дастуроте, ки аз ман гирифтӣ, дар ҳар шаҳр пиронро таъйин намоӣ. 6 Мардонеро пир таъйин кун, ки дар онҳо айбе ёфт нашавад, соҳиби як зан бошанд ва фарзандони имондоре дошта бошанд, ки онҳоро чун ишратпарасту саркаш нашиносанд.+ 7 Нозир чун коргузоре, ки Худо таъйин кардааст, бояд беайб бошад, ӯ набояд худсар,+ бадхашм,+ бадмаст, зӯровар* ва аз пайи пулу моли ҳаром бошад, 8 балки меҳмоннавоз,+ дӯстдори некӣ, солимфикр+ ва росткору вафодор+ бошад, худдорӣ+ карда тавонад, 9 дар тарзи таълими худ ба паёми ростӣ бичаспад,+ то дигаронро дар асоси таълимоти дуруст* насиҳат* кунад+ ва касони ба он зидро сарзаниш кунад.+
-