-
1 Тимотиюс 1:3, 4Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
3 Чи тавре ки пеш аз Мақдуния рафтанам аз ту хоҳиш карда будам, ки дар Эфсӯс бимонӣ, ҳоло низ инро аз ту хоҳиш мекунам, то ба баъзе касон амр диҳӣ, ки таълимоти дигарро паҳн накунанд 4 ва ба қиссаву+ насабномаҳо диққат надиҳанд, зеро аз ин чизҳо фоидае нест,+ балки танҳо баҳсҳои беҳудаест, ки аз ҷониби Худо нестанду имонро мустаҳкам намекунанд.
-
-
1 Тимотиюс 6:3–5Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
3 Агар касе таълими дигареро паҳн кунаду бо дастури фоидабахши+ Ҳазратамон Исои Масеҳ ва бо таълими диндорӣ розӣ набошад,+ 4 ӯ ҳавобаланд аст ва чизеро намефаҳмад.+ Ӯ побанди баҳсу мунозира шудаасту дар сари калимаҳо ҷанг карданро дӯст медорад.+ Аз ин чизҳо фақат ҳасад, ҷанҷол, туҳмат* ва гумони бад сар мезанад. 5 Ин барои нопокандешоне, ки аз ростӣ дур гаштаанд,+ майдони баҳс мешавад, то дар сари масъалаҳои майда-чуйда кашмакаш кунанд. Чунин шахсон худотарсиро манбаи фоида меҳисобанд.+
-