-
Яҳудо 12, 13Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
12 Онҳо харсангҳои зериобие ҳастанд, ки ҳамроҳи шумо дар зиёфатҳои дӯстона+ хӯрок мехӯранд, чӯпонони беинсофеянд, ки фақат дар ғами шиками худанд,+ абрҳои беобанд, ки бо шамол ронда мешаванд,+ дарахтони бемеваи охири тирамоҳанд, ки мурдаву хушк гашта*, решакан шудаанд, 13 мавҷҳои пурталотуми баҳранд, ки корҳои нангини худро монанди кафк ба соҳил мебароранд,+ ситорагонеянд, ки роҳу равиши муайян надоранд ва барояшон зулмоти тору абадӣ нигоҳ дошта шудааст.+
-