20 Ман на танҳо барои онҳо илтимос мекунам, балки ҳамчунин барои касоне, ки ба воситаи суханони онҳо ба ман имон меоранд, 21 то ҳамаи онҳо як бошанд,+ чуноне ки ту, эй Падар, бо ману ман бо ту якдилем.+ Бигзор онҳо низ бо мо якдил бошанд, то ҷаҳон бовар кунад, ки ту маро фиристодаӣ.