-
5 Мӯсо 17:2–5Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
2 Чунин шуданаш мумкин аст, ки дар яке аз шаҳрҳое, ки Худоят Яҳува ба ту медиҳад, мард ё зане пайдо шавад, ки дар назари Худоят Яҳува кори баде мекунад ва аҳди ӯро мешиканад+ 3 ва гумроҳ шуда, худоҳои дигарро парастиш мекунад ва ба онҳо ё ба офтоб, моҳтоб ё тамоми лашкари осмон саҷда мебарад,+ яъне он чиро мекунад, ки ман нафармудаам.+ 4 Вақте туро аз ин хабардор созанд ё ту дар ин бора бишнавӣ, масъаларо нағзакак тафтиш кун. Агар ин рост барояд,+ яъне дар Исроил кори нафратоваре карда шуда бошад, 5 ту он мард ё занеро, ки ба ин кори бад даст задааст, назди дарвозаҳои шаҳр бар ва он мард ё занро сангсор карда, куш.+
-