Марқус
8 Дар он рӯзҳо боз дар назди Исо мардуми бисёре ҷамъ шуданд ва онҳо барои хӯрдан чизе надоштанд. Аз ин рӯ ӯ шогирдонашро ҷеғ зада, ба онҳо гуфт: 2 «Дилам ба мардум месӯзад,+ зеро се рӯз мешавад, ки дар ин ҷо бо мананд ва чизе барои хӯрдан надоранд.+ 3 Агар онҳоро ба хонаҳояшон гушна ҷавоб диҳам, дар роҳ аз ҳол мераванд, охир, баъзеашон аз роҳи дур омадаанд». 4 Шогирдонаш бошанд, ба ӯ гуфтанд: «Дар ин ҷойи дурдаст барои сер кардани мардум аз куҷо нон ёбем?» 5 Ӯ аз онҳо пурсид: «Шумо чандто нон доред?» Онҳо гуфтанд: «Ҳафтто».+ 6 Ӯ ба мардум фармуд, ки дар рӯйи замин шинанд. Сипас ҳафт нонро гирифта, шукргузорӣ кард ва шикасту ба шогирдонаш дод, онҳо бошанд, нонҳоро ба мардум тақсим карданд.+ 7 Онҳо ҳамчунин якчанд моҳии хурд доштанд. Исо баъди шукргузорӣ ба шогирдонаш гуфт, ки он моҳиҳоро ҳам ба мардум тақсим кунанд. 8 Ҳама хӯрданду сер шуданд ва аз пораҳои боқимонда ҳафт сабади калонро пур карданд.+ 9 Дар он ҷо қариб 4000 мард буд. Баъди ин ӯ мардумро ҷавоб дод.
10 Дарҳол пас аз ин ӯ ҳамроҳи шогирдонаш ба қаиқ савор шуд ва ба сарзамини Далмонуто* омад.+ 11 Он вақт ба назди Исо фарисиён омаданд ва бо ӯ баҳс карда барои озмудани ӯ аломате аз осмон талаб карданд.+ 12 Ӯ аз дил оҳе кашида, гуфт: «Барои чӣ ин насл аломат меҷӯяд?+ Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки ба ин насл аломате нишон дода намешавад».+ 13 Инро гуфта, ӯ аз пеши онҳо рафт ва боз ба қаиқ савор шуда, ба соҳили дигар гузашт.
14 Шогирдонаш бо худ нон гирифтанро фаромӯш карданд ва ғайр аз як нон дар қаиқ ягон чизи хӯрданӣ надоштанд.+ 15 Исо онҳоро огоҳии аниқу равшан дода гуфт: «Ҳушёр бошед! Аз хамиртуруши фарисиён ва хамиртуруши Ҳиродус эҳтиёт шавед».+ 16 Онҳо бо якдигар баҳс карданд, ки барои чӣ ҳеҷ кадомашон нон нагирифтааст. 17 Инро пай бурда ӯ ба онҳо гуфт: «Барои чӣ дар байни худ баҳс мекунед, ки нон надоред? Наход шумо то ҳол дарк накунед ва сарфаҳм наравед?! Оё дилҳои шумо то ҳол маҳкам аст ва шумо чизеро намефаҳмед?! 18 “Чашм дореду намебинед? Гӯш дореду намешунавед?” Оё дар ёд надоред, 19 ки, вақте барои 5000 мард панҷ нонро шикастам,+ чанд сабадро аз пораҳо пур кардед?» Онҳо гуфтанд: «Дувоздаҳ сабадро».+ 20 «Вақте ки барои 4000 мард ҳафт нонро шикастам, чанд сабади калонро аз пораҳо пур кардед?» Онҳо гуфтанд: «Ҳафт сабадро».+ 21 Сипас ӯ ба онҳо гуфт: «Наход то ҳол нафаҳмед?»
22 Баъдтар онҳо ба Байт-Сайдо омаданд. Дар он ҷо одамон ба назди ӯ марди кӯреро оварданд ва илтиҷо карданд, ки ӯро шифо бахшад.+ 23 Ӯ марди кӯрро аз дасташ гирифта аз қишлоқ баровард. Баъд туфашро ба чашмони вай молид+ ва даст гузошта, пурсид: «Ягон чизро мебинӣ?» 24 Мард чашмонашро бардошта, гуфт: «Одамонро мебинам, лекин онҳо ба дарахтоне монанданд, ки роҳ мегарданд». 25 Сипас ӯ боз ба чашмони он мард даст гузошт ва вай шифо ёфта, ҳама чизро равшан дид. 26 Ӯ он мардро ба хонааш фиристода, гуфт: «Фақат ки ба қишлоқ надаро».
27 Исо ва шогирдонаш аз он ҷо ба қишлоқҳои Қайсарияи Филиппӣ равона шуданд. Дар роҳ ӯ аз шогирдонаш пурсид: «Мардум маро кӣ меҳисобанд?»+ 28 Онҳо гуфтанд: «Баъзеҳо Яҳёи Таъмиддиҳанда+ мегӯянд, дигарон — пайғамбар Илёс+ ва боз қисме — яке аз пайғамбарон». 29 Ӯ аз онҳо пурсид: «Худи шумо маро кӣ меҳисобед?» Петрус ба ӯ ҷавоб дод: «Ту Масеҳ ҳастӣ».+ 30 Он гоҳ ӯ ба таври ҷиддӣ ба онҳо фармуд, ки дар бораи ӯ ба ҳеҷ кас гап назананд.+ 31 Сипас ӯ ба таълим додан сар кард ва ба онҳо гуфт, ки Фарзанди одам бояд азобҳои зиёдеро аз сар гузаронаду пирон, коҳинони калон* ва шариатдонон ӯро рад карда, кушанд+ ва ӯ баъди се рӯз зинда шавад.+ 32 Ӯ ин суханонро кушоду равшан гуфт. Петрус бошад, ӯро як тараф бурда, сарзаниш кард.+ 33 Он гоҳ Исо рӯяшро ба шогирдонаш гардонд ва Петрусро сарзаниш карда гуфт: «Аз пешам дур шав, эй Шайтон*! Ту мисли одамизод фикр мекунӣ, на мисли Худо».+
34 Баъд аз он мардум ва шогирдонашро назди худ хонда, гуфт: «Ҳар кӣ аз пайи ман рафтан хоҳад, бигзор аз баҳри худ барояд ва сутуни азобашро* бардошта, доимо маро пайравӣ кунад.+ 35 Ҳар кӣ ҷони худро наҷот додан хоҳад, онро аз даст медиҳад, лекин ҳар кӣ ҷони худро ба хотири ман ва хушхабар аз даст диҳад, онро ба даст меорад.+ 36 Агар одам тамоми ҷаҳонро соҳиб гардад, вале ҷонашро аз даст диҳад, аз ин ба ӯ чӣ фоида?+ 37 Чӣ чизе ҳаст, ки одам дар ивази ҷони худ дода тавонад?+ 38 Ҳар кӣ дар пеши ин насли ба Худо бевафо ва гунаҳкор аз ман ва аз суханонам шарм дорад, Фарзанди одам ҳам, вақте ҳамроҳи фариштагони муқаддас дар ҷалоли Падари худ меояд,+ аз вай шарм медорад».+