3 Мӯсо
7 Ин аст қонуни қурбонии айб:+ он як чизи хеле муқаддас аст. 2 Қурбонии айбро низ, дар ҷое ки қурбониҳои сӯхтаниро сар мебуранд, сар буранд ва хуни онро+ гирдогирди қурбонгоҳ бипошанд.+ 3 Коҳин* тамоми чарбуи онро+ бо дунбаи он, бо тамоми чарбуе, ки рӯдаҳоро мепӯшонад, 4 бо ду гурда, ки дар қисми миён ҷойгиранд, ва чарбуи онҳо пешкаш мекунад. Ӯ ҳамчунин пардаи чарбуеро, ки бар ҷигар аст, бо гурдаҳо ҷудо мекунад.+ 5 Коҳин онҳоро бар қурбонгоҳ чун қурбоние, ки дар оташ сӯзонида мешавад, барои Яҳува сӯзонда, дуд мекунад.+ Ин қурбонии айб аст. 6 Ҳар мард аз миёни коҳинон бояд аз он бихӯрад.+ Қурбонии айб бояд дар ҷойи муқаддас хӯрда шавад. Он як чизи хеле муқаддас аст.+ 7 Қонуни қурбонии гуноҳ ба қурбонии айб низ дахл дорад. Ин қурбонӣ аз они коҳинест, ки онро чун товон барои гуноҳ меорад.+
8 Вақте коҳин қурбонии сӯхтании касеро пешкаш мекунад, пӯсти+ қурбонии сӯхтанӣ аз они коҳин мешавад.
9 Ҳар ҳадияи ғаллае, ки дар танӯр, дегча ва ё тоба пухта мешавад,+ аз они коҳинест, ки онро пешкаш мекунад. Он аз они ӯ мешавад.+ 10 Аммо ҳар ҳадияи ғалла, ки бо равған омехта шудааст+ ва ё хушк аст,+ аз они ҳама писарони Ҳорун аст. Ҳар яки онҳо ҳиссаи баробар мегирад.
11 Ин аст қонуни қурбонии осоиштагӣ,+ ки барои Яҳува пешкаш шуда метавонад: 12 агар шахс онро барои шукргузорӣ пешкаш кунад,+ бояд қурбонии шукргузориро бо ҳалқакулчаҳои бехамиртуруши равғанӣ, нончаҳои бехамиртуруши тунуке, ки бо равған молида шудаанд, ва ҳалқакулчаҳои аз орди маҳин, ки бо равған хуб омехта шудаанд, биёрад. 13 Ӯ қурбонии худро бо қурбониҳои осоиштагӣ, ки чун қурбонии шукргузорӣ оварда мешавад, ҳамроҳи ҳалқакулчаҳои хамиртурушдор биёрад. 14 Ӯ аз ҳар навъ нон якеро чун ҳиссаи муқаддаси Яҳува биёрад. Инҳо аз они коҳинест, ки хуни қурбониҳои осоиштагиро мепошад.+ 15 Гӯшти қурбониҳои осоиштагиро, ки чун қурбонии шукргузорӣ оварда мешавад, бояд рӯзи пешкаш шуданаш хӯранд. Ӯ набояд аз он чизе то саҳар боқӣ гузорад.+
16 Агар қурбонии ӯ аз рӯйи назр*+ ё ихтиёрӣ+ бошад, онро бояд дар рӯзи пешкаш шуданаш хӯранд ва он чӣ аз он боқӣ монад, пагоҳи ҳамон рӯз хӯрда шавад. 17 Аммо ҳар чӣ аз гӯшти қурбонӣ то сеюм рӯз боқӣ монад, дар оташ сӯзонда шавад.+ 18 Вале, агар гӯшти қурбонии осоиштагиро, ки то сеюм рӯз мондааст, бихӯранд, шахсе, ки ин қурбониро меорад, розигии Худоро соҳиб намешавад. Қурбонияш ба ӯ фоидае намеорад. Ин гӯшт ҳаром аст ва касе аз он бихӯрад, барои гуноҳаш ҷавоб медиҳад.+ 19 Агар гӯшти он ба ягон чизи нопок расад, набояд хӯрда шавад. Онро бояд бо оташ сӯзонанд. Ҳар кӣ пок аст, метавонад аз гӯшти пок хӯрад.
20 Вале, агар каси нопок аз гӯшти қурбонии осоиштагие, ки барои Яҳува аст, бихӯрад, бояд аз миёни халқи худ решакан шавад.+ 21 Агар касе ба чизи нопок даст расонад, хоҳ он нопокии одам+ бошад, хоҳ ҳайвони нопок,+ хоҳ ягон чизи нопоку ҳаром+ ва баъд аз гӯшти қурбонии осоиштагӣ, ки барои Яҳува аст, бихӯрад, ӯ бояд аз миёни халқи худ решакан шавад”».
22 Яҳува бо Мӯсо сухан ронда гуфт: 23 «Ба исроилиён бигӯ: “Ҳеҷ гуна чарбуи буққа, қӯчқори ҷавон ва ё бузро нахӯред.+ 24 Агар ҳайвони мурдае ва ё ҳайвони даридаеро ёбед, метавонед чарбуи онро барои ҳар кор истифода баред, аммо ҳаргиз онро нахӯред.+ 25 Ҳар кӣ аз чарбуи қурбоние, ки барои Яҳува пешкаш мекунад ва он дар оташ сӯзонида мешавад, бихӯрад, бояд аз миёни халқи худ решакан шавад.
26 Дар тамоми ҷойҳои зистатон ҳеҷ гуна хун нахӯред+ — на хуни паранда ва на хуни ҳайвонеро. 27 Ҳар касе ягон хел хунро бихӯрад, бояд аз миёни халқи худ решакан шавад”».+
28 Яҳува боз ба Мӯсо гуфт: 29 «Ба исроилиён бигӯй: “Ҳар касе барои Яҳува қурбонии осоиштагӣ меорад, бояд як қисми қурбонии осоиштагиро барои Яҳува чун ҳадия биёрад.+ 30 Ӯ бояд чарбуи қурбониро+ бо синаи он дар даст гирифта, ин сӯву он сӯ чун ҳадияи ҷунбониданӣ ба ҳузури Яҳува биҷунбонад+ ва, чун қурбоние, ки дар оташ сӯзонида мешавад, барои Яҳува пешкаш кунад. 31 Коҳин чарбуро бар қурбонгоҳ сӯзонда, дуд мекунад.+ Синаи он бошад, аз они Ҳорун ва писарони ӯст.+
32 Пойи рости қурбониҳои осоиштагиро чун ҳиссаи муқаддас ба коҳин бидеҳ.+ 33 Ҳар кӣ аз писарони Ҳорун хуни қурбониҳои осоиштагӣ ва чарбуро пешкаш кунад, пойи рост ҳиссаи ӯ мешавад,+ 34 зеро ман синаи ҳадияи ҷунбониданӣ ва пойи ҳиссаи муқаддасро аз қурбониҳои осоиштагии исроилиён гирифта, ба Ҳорун ва писарони ӯ медиҳам. Ин барои исроилиён амри бардавом аст.+
35 Ин буд ҳиссаи коҳинон аз ҳадияҳое, ки барои Яҳува бар оташ сӯзонда мешаванд. Ин ҳиссаи Ҳорун ва писаронаш буд, дар рӯзе ки онҳо чун коҳинони Яҳува таъйин шуданд.+ 36 Яҳува, дар рӯзе ки онҳоро тадҳин намуд*,+ ба исроилиён фармуд, ки ба онҳо ҳамин ҳиссаро диҳанд. Ин барои наслҳои онҳо амри бардавом аст”».
37 Ин аст қонуни қурбонии сӯхтанӣ,+ ҳадияи ғалла,+ қурбонии гуноҳ,+ қурбонии айб,+ қурбонии таъйинсозӣ+ ва қурбонии осоиштагӣ,+ 38 ки Яҳува ба Мӯсо дар кӯҳи Сино фармуда буд,+ дар рӯзе ки ӯ ба исроилиён фармуд, ки дар биёбони Сино барои Яҳува қурбониҳои худро биёранд.+