Эзро
2 Инҳоянд шахсоне, ки аз асирии Бобил баргаштанд.+ Онҳоро Набукаднесар, подшоҳи Бобил, ба асирӣ бурда буд+ ва акнун онҳо ба Ерусалим ва Яҳудо, ҳар яке ба шаҳри худ баргаштанд.+ 2 Онҳо ҳамроҳи Зарубобил,+ Ешуа,+ Наҳемё, Сароё, Раэлоё, Мордахай, Билшон, Миспор, Биҷвай, Раҳум ва Баано омаданд.
Шумораи мардони Исроил чунин буд:+ 3 писарони Фаръуш — 2172, 4 писарони Шафатёҳу — 372, 5 писарони Ораҳ+ — 775, 6 писарони Поҳатмӯоб+ аз хонадони Ешуа ва Юоб — 2812, 7 писарони Элом+ — 1254, 8 писарони Затту+ — 945, 9 писарони Заккой — 760, 10 писарони Бонӣ — 642, 11 писарони Бебой — 623, 12 писарони Азҷод — 1222, 13 писарони Адуниқом — 666, 14 писарони Биҷвай — 2056, 15 писарони Один — 454, 16 писарони Отир аз хонадони Ҳизқиё — 98, 17 писарони Бесой — 323, 18 писарони Юро — 112, 19 писарони Ҳошум+ — 223, 20 писарони Ҷиббор — 95, 21 мардони Байт-Лаҳм — 123, 22 мардони Натуфо — 56, 23 мардони Анотӯт+ — 128, 24 мардони Азмавт — 42, 25 мардони Қирят-Яърим, Кефиро ва Баирӯт — 743, 26 мардони Ромо+ ва Ҷабъа+ — 621, 27 мардони Михмос — 122, 28 мардони Байт-Ил ва Ой+ — 223, 29 мардони Набӯ+ — 52, 30 писарони Маҷбиш — 156, 31 писарони Эломи дигар — 1254, 32 писарони Ҳорим — 320, 33 мардони Лӯд, Ҳодид ва Уну — 725, 34 мардони Ериҳӯ — 345 ва 35 писарони Саноо — 3630 нафар.
36 Коҳинон:+ писарони Ядоё+ аз хонадони Ешуа+ — 973, 37 писарони Иммир+ — 1052, 38 писарони Фашҳур+ — 1247 ва 39 писарони Ҳорим+ — 1017 нафар.
40 Левизодагон:+ писарони Ешуа ва Қадмиил+ аз хонадони Ҳудавё — 74 нафар. 41 Сарояндагон:+ писарони Осаф+ — 128 нафар. 42 Писарони дарбонон:+ писарони Шаллум, писарони Отир, писарони Талмӯн,+ писарони Аққуб,+ писарони Ҳатито ва писарони Шубой — ҳамагӣ 139 нафар.
43 Хизматгузорони ибодатгоҳ*+ инҳо буданд: писарони Сиҳо, писарони Ҳасуфо, писарони Таббоут, 44 писарони Қерус, писарони Сиаҳо, писарони Фодун, 45 писарони Лабоно, писарони Ҳаҷобо, писарони Аққуб, 46 писарони Ҳоҷоб, писарони Салмой, писарони Ҳонон, 47 писарони Ҷиддил, писарони Ҷаҳар, писарони Раоё, 48 писарони Расин, писарони Нақудо, писарони Ҷаззом, 49 писарони Уззо, писарони Фосеҳо, писарони Бесой, 50 писарони Асно, писарони Мауним, писарони Нафусим, 51 писарони Бақбуқ, писарони Ҳақуфо, писарони Ҳарҳур, 52 писарони Баслут, писарони Маҳидо, писарони Ҳаршо, 53 писарони Барқӯс, писарони Сисро, писарони Томаҳ, 54 писарони Насиҳо ва писарони Ҳатифо.
55 Писарони хизматгорони Сулаймон инҳо буданд: писарони Сутай, писарони Сӯферет, писарони Фарудо,+ 56 писарони Яъло, писарони Дарқун, писарони Ҷиддил, 57 писарони Шафатёҳу, писарони Ҳаттил, писарони Фухерет-Ҳасбоим ва писарони Омӣ.
58 Хизматгузорони ибодатгоҳ* ва писарони хизматгорони Сулаймон ҳамагӣ 392 нафар буданд.
59 Инҳоянд касоне, ки аз Тал-Милҳ, Тал-Ҳаршо, Каруб, Аддон ва Иммир баромаданд, вале натавонистанд бигӯянд, ки аз кадом хонадонанд ва исбот кунанд, ки аслу насабашон аз Исроил аст:+ 60 писарони Далоё, писарони Тубиё ва писарони Нақудо — ҳамагӣ 652 нафар. 61 Писарони коҳинон: писарони Ҳобайё, писарони Ҳаққӯс,+ писарони Барзилой (ин Барзилой яке аз духтарони Барзилойи+ ҷилъодиро ба занӣ гирифта бо номи хусураш* хонда мешуд). 62 Онҳо насабномаи худро ҷустуҷӯ карданд ва наёфтанд, барои ҳамин аз коҳинӣ+ гирифта шуданд*. 63 Аз ин рӯ волӣ* ба онҳо гуфт, ки, то он вақте ки коҳине бо урим ва туммим*+ пайдо нашавад, аз чизҳои хеле муқаддас нахӯранд.+
64 Тамоми ин ҷамоат дар якҷоягӣ 42 360 нафар буд.+ 65 Бо онҳо ҳамчунин ғуломону канизон буданд, ки шумораашон 7337 нафар буд; ҳамроҳашон боз 200 марду зани сароянда буд. 66 Онҳо 736 асп, 245 хачир, 67 435 шутур ва 6720 хар доштанд.
68 Вақте онҳо ба Ерусалим, ки хонаи Яҳува дар он ҷо буд, омаданд, баъзе аз сарварони хонаводаҳо, барои он ки хонаи Худо дар ҷойи пешинааш сохта шавад,+ ҳадияҳои ихтиёрӣ+ оварданд. 69 Онҳо алоқадри қувваташон барои ин кор ба хазина хайрия карданд ва 61 000 дирҳами* тилло, 5000 минои* нуқра+ ва 100 курта барои коҳинон доданд. 70 Коҳинон, левизодагон, сарояндагон, дарбонон, хизматгузорони ибодатгоҳ* ва боқимондаи мардуми Исроил дар шаҳрҳои худ ҷой гирифтанд. Ҳамин тавр, ҳамаи исроилиён дар шаҳрҳои худ ҷойгир шуданд.+