4 Мӯсо
10 Яҳува ба Мӯсо гуфт: 2 «Аз нуқраи кӯфта барои худ ду карнай+ бисоз ва онҳоро барои ҷамъ овардани мардум ва барои ба кӯчидан тайёр кардани онҳо кор фармо. 3 Вақте ҳар ду карнайро навозанд, тамоми мардуми Исроил бояд пеши ту омада, назди даромадгоҳи хаймаи ҷомеъ ҷамъ оянд.+ 4 Агар фақат як карнай навохта шавад, танҳо сардорони қабилаҳо, сардорони ҳазорони Исроил, назди ту ҷамъ оянд.+
5 Вақте карнай овози канда-канда барорад, хаймагоҳҳои тарафи шарқ+ кӯч кунанд. 6 Вақте карнай дуюмбора овози канда-канда барорад, хаймагоҳҳои тарафи ҷануб+ кӯч кунанд. Ҳар боре ки яке аз хаймагоҳҳо кӯч кунанд, бояд карнай чунин овоз барорад.
7 Ҳангоми даъват кардани ҷамоат карнайҳоро бинавозед,+ лекин канда-канда не. 8 Карнайҳоро бояд писарони Ҳорун, яъне коҳинон, бинавозанд.+ Ин барои шумо аз насл ба насл амри бардавом аст.
9 Агар дар замини худ бар зидди душманоне, ки ба шумо зулму ситам мекунанд, биҷангед, бо карнайҳо бонги ҷангро бизанед+ ва Худоятон Яҳува шуморо ба хотир меораду шуморо аз дасти душманон халос мекунад.
10 Ҳамчунин дар рӯзҳои хурсандиатон,+ яъне дар идҳо+ ва аввали моҳҳоятон, бар қурбониҳои сӯхтанӣ+ ва қурбониҳои осоиштагиатон+ карнай навозед ва он гоҳ Худоятон шуморо ёдоварӣ хоҳад кард. Ман Яҳува, Худои шумо, ҳастам».+
11 Дар соли дуюм, дар моҳи дуюм, дар рӯзи 20-уми моҳ,+ абр аз болои хаймаи шаҳодат дур шуд.+ 12 Исроилиён аз биёбони Сино аз рӯйи тартибе, ки муқаррар шуда буд, кӯч бастанд+ ва абр дар биёбони Форон+ истод. 13 Ин бори аввал буд, ки онҳо мувофиқи амре, ки Яҳува ба Мӯсо дода буд, кӯч карданд.+
14 Аввал дастаи сеқабилагии Яҳудо мувофиқи мавқеи лашкарашон кӯч кард. Сардори лашкари қабилаи Яҳудо Наҳшӯни+ писари Аминодоб буд. 15 Сардори лашкари қабилаи Иссокор Натанъили+ писари Суор буд. 16 Сардори лашкари қабилаи Забулун Элиоби+ писари Ҳилӯн буд.
17 Вақте хаймаи муқаддас ҷамъ карда шуд,+ писарони Ҷершӯн+ ва Марорӣ,+ ки хаймаи муқаддасро мебардоштанд, кӯч карданд.
18 Сипас дастаи сеқабилагии Реубен мувофиқи мавқеи лашкарашон кӯч кард. Сардори лашкари қабилаи Реубен Элисури+ писари Шадиур буд. 19 Сардори лашкари қабилаи Шимъӯн Шалумиили+ писари Суришаддой буд. 20 Сардори лашкари қабилаи Ҷод Элёсофи+ писари Дауил буд.
21 Баъди ин қаҳотиён, ки асбобу анҷоми муқаддасгоҳро мебардоштанд,+ кӯч карданд. Хаймаи муқаддас бояд то омадани қаҳотиён ҷо ба ҷо мешуд.
22 Пас аз ин дастаи сеқабилагии Эфроим мувофиқи мавқеи лашкарашон кӯч кард. Сардори лашкари қабилаи Эфроим Элишомаи+ писари Аммиҳуд буд. 23 Сардори лашкари қабилаи Менашше Ҷамлиили+ писари Фадоҳсур буд. 24 Сардори қабилаи Бинёмин Абидони+ писари Ҷидъӯнӣ буд.
25 Сипас дастаи сеқабилагии Дон мувофиқи мавқеи лашкарашон кӯч кард, ки тамоми хаймагоҳҳоро аз ақиб муҳофизат мекард. Сардори лашкари қабилаи Дон Аҳиозари+ писари Аммишаддой буд. 26 Сардори лашкари қабилаи Ошер Фаҷъиили+ писари Окрон буд. 27 Сардори лашкари қабилаи Нафтолӣ Аҳираи+ писари Энон буд. 28 Исроилиён ва лашкарҳояшон аз рӯйи ҳамин тартиб кӯч мекарданд.+
29 Мӯсо ба Ҳубоби писари Реуили*+ мидёнӣ, яъне писари хусураш*, гуфт: «Мо ба ҷое кӯч мекунем, ки Яҳува дар борааш гуфтааст: “Онро ба шумо медиҳам”.+ Бо мо бирав+ ва мо ба ту некӣ мекунем, зеро Яҳува ваъда додааст, ки Исроилро баракат медиҳад».+ 30 Аммо ӯ дар ҷавоб гуфт: «Бо шумо намеравам, балки ба ватани худ ва назди хешу табори худ бармегардам». 31 Мӯсо ба ӯ гуфт: «Илтимос, моро тарк накун, зеро ту медонӣ, ки дар куҷои биёбон хайма задан лозим аст, ва ту чашмони* мо мешавӣ. 32 Агар бо мо биравӣ,+ ҳар некие, ки Яҳува ба мо кунад, мо низ дар ҳаққи ту мекунем».
33 Пас аз ин онҳо аз кӯҳи Яҳува+ роҳи серӯзаро тай карданд ва сандуқи+ аҳди Яҳува пешопеши онҳо равона шуда, роҳи серӯзаро тай кард, то барои онҳо ҷое барои хайма задан пайдо кунад.+ 34 Вақте исроилиён ба роҳ баромаданд, абри+ Яҳува рӯзона бар болои онҳо буд.
35 Ҳар боре ки сандуқро ба дигар ҷой кӯчонданӣ мешуданд, Мӯсо мегуфт: «Бархез, эй Яҳува,+ то душманонат пароканда шаванд ва бадхоҳонат аз пешат бигрезанд». 36 Ҳангоми гузоштани сандуқ бошад, ӯ мегуфт: «Эй Яҳува, сӯйи ҳазорон-ҳазор исроилиён баргард».+