Эстер
3 Баъди ин подшоҳ Ахашверуш Ҳомони+ писари Ҳамдотои аҷаҷиро+ сарбаланд кард. Ӯ ба Ҳомон мартабаи баланд бахшид ва курсии ӯро аз мирони дигар болотар гузошт.+ 2 Бо амри подшоҳ ҳама хизматгороне, ки назди дарвозаи қасри подшоҳ буданд, зону зада ба Ҳомон таъзим мекарданд, лекин Мордахай ин тавр намекард. 3 Барои ҳамин хизматгороне, ки назди дарвозаи қаср буданд, ба Мордахай мегуфтанд: «Барои чӣ ту ба амри подшоҳ гӯш намедиҳӣ?» 4 Онҳо ҳар рӯз ба ӯ чунин мегуфтанд, лекин ӯ гӯш намекард. Он гоҳ онҳо ин хабарро ба Ҳомон расонданд, то бубинанд, ки оё ин рафтори Мордахайро тоқат мекунанд ё не,+ зеро Мордахай ба онҳо гуфта буд, ки яҳудӣ аст.+
5 Вақте Ҳомон дид, ки Мордахай дар пеши ӯ зону намезанад ва таъзим намекунад, сахт дарғазаб шуд.+ 6 Лекин барои Ҳомон куштани як худи Мордахай кам буд, чунки ба ӯ гуфта буданд, ки Мордахай аз кадом халқ аст. Барои ҳамин Ҳомон аз пайи он шуд, ки тамоми халқи Мордахай, яъне тамоми яҳудиёнеро, ки дар сарзамини Ахашверуш буданд, кушад.
7 Дар моҳи якум, моҳи найсон*, дар соли 12-уми+ подшоҳии Ахашверуш, дар пеши Ҳомон «пур»*,+ яъне қуръа, партофта шуд, то рӯз ва моҳи кардани ин корро интихоб кунанд. Қуръа ба моҳи 12-ум, яъне моҳи озор*,+ афтод. 8 Ҳомон ба подшоҳ Ахашверуш гуфт: «Дар қаламрави ту халқе ҳаст, ки дар байни вилоятҳо+ ва халқҳои гуногун пароканда аст.+ Ин мардум қонунҳои худро доранд, ки аз ҳамаи дигар халқҳо фарқ мекунанд ва онҳо ба қонуну қоидаҳои подшоҳ гӯш намедиҳанд. Хуб нест, ки подшоҳ онҳоро ба ҳоли худ гузорад. 9 Агар ин дар назари подшоҳ писанд ояд, бигзор фармон барорад, ки ин халқ несту нобуд карда шавад. Ман ба хизматгорони шоҳ 10 000 киккар нуқра* медиҳам, то ба хазинаи подшоҳ гузоранд*».
10 Он гоҳ подшоҳ аз дасташ ангуштарини муҳрдорро кашид+ ва ба Ҳомон+ — писари Ҳамдотои аҷаҷӣ,+ ба душмани яҳудиён, дод. 11 Подшоҳ ба Ҳомон гуфт: «Нуқра ва халқ аз они туст, ҳар чӣ мехоҳӣ, бикун». 12 Дар рӯзи 13-уми моҳи якум котибони подшоҳро+ даъват карданд. Онҳо ҳамаи он чизҳоеро, ки Ҳомон ба шаҳрбонони* подшоҳ, ҳокимони вилоятҳо ва мирони халқҳо фармуда буд, ба ҳар вилоят ба хати худ ва ба ҳар халқ ба забони худаш навиштанд.+ Ҳамаи инро аз номи шоҳ Ахашверуш навиштанд ва бо ангуштарини ӯ муҳр заданд.+
13 Мактубҳо ба воситаи хабаррасонҳо ба ҳама вилоятҳои қаламрави подшоҳ фиристода шуданд, то дар рӯзи муайяншуда, рӯзи 13-уми моҳи 12-ум, моҳи озор,+ тамоми яҳудиён — пиру ҷавон, занону кӯдакон несту нобуд ва молу мулки онҳо ғорат карда шавад.+ 14 Он чӣ дар ин ҳуҷҷат навишта шудааст, бояд чун қонун дар ҳама ҷо қабул мегашт ва дар ҳар як вилоят ба тамоми мардум эълон мешуд, то онҳо ба он рӯз тайёр шаванд. 15 Бо фармони подшоҳ хабаррасонон дарҳол равона шуданд;+ қонун ҳамчунин дар қалъаи Шушан+ эълон шуд. Подшоҳ ва Ҳомон нишаста, шаробнӯшӣ карданд, сокинони Шушан бошанд, ҳайрону парешон буданд.