Корнома
18 Пас аз он Павлус аз Атино ба Қӯринт омад. 2 Дар он ҷо ӯ Акило+ ном марди яҳудӣ ва занаш Прискилоро вохӯрд. Акило зодаи Понтус буда, ба қарибӣ аз Итолиё омада буд, зеро бо фармони подшоҳ Клавдиюс ҳамаи яҳудиён бояд аз Рум мерафтанд. Павлус назди Прискило ва Акило рафт 3 ва, азбаски касбу ҳунари ӯ ҳам хаймадӯзӣ буд, дар хонаи онҳо истода, ҳамроҳашон кор мекард.+ 4 Ӯ ҳар рӯзи шанбе+ дар ибодатхона суханронӣ карда*,+ фикру ақидаи яҳудиёну юнониёнро ислоҳ мекард, то ба суханони ӯ имон оранд.
5 Вақте Сило+ ва Тимотиюс+ аз Мақдуния омаданд, Павлус пурра бо паҳн кардани калом машғул шуд ва ба яҳудиён шаҳодат дода, исбот мекард, ки Исо Масеҳ аст.+ 6 Вале, азбаски онҳо муқобилату бадгӯйиро бас намекарданд, ӯ либосҳои худро афшонда,+ ба онҳо гуфт: «Ман аз хуни шумо пок ҳастам.+ Хунатон бар гардани худатон бошад.+ Акнун ба назди халқҳои дигар меравам».+ 7 Он гоҳ ӯ аз он ҷо* баромада, ба хонаи Титиюс Юстус ном марди худотарсе рафт, ки дар паҳлуи ибодатхона мезист. 8 Нозири он ибодатхона, ки Криспус+ ном дошт, бо тамоми хонаводааш ба Ҳазратамон имон овард. Ҳамчунин қӯринтиёни зиёде, ки хушхабарро шуниданд, имон оварданд ва таъмид гирифтанд*. 9 Шабона Ҳазратамон дар рӯъё ба Павлус гуфт: «Натарс, гап задан гир ва хомӯш набош, 10 зеро ман бо ту ҳастам.+ Ҳеҷ кас ба ту ҳамла карда, осебе намерасонад, чунки дар ин шаҳр одамони зиёде ҳастанд, ки ба ман имон меоранд». 11 Ҳамин тавр Павлус як солу шаш моҳ дар он ҷо монда, каломи Худоро таълим медод.
12 Вақте ки Ғолиюн волии* Охоия буд, ҳамаи яҳудиён як шуда ба Павлус ҳамла оварданд ва ӯро назди курсии доварӣ бурданду 13 гуфтанд: «Ин одам мардумро аз роҳ зада мегӯяд, ки Худоро тавре ибодат кунанд, ки ба шариат зид аст». 14 Лекин, вақте ки Павлус гапро сар карданӣ шуд, Ғолиюн ба яҳудиён гуфт: «Эй яҳудиён, агар ин одам, дар ҳақиқат, ягон қонуншиканӣ ё ҷинояти вазнине мекард, шуморо то охир гӯш карданам дуруст мебуд. 15 Вале, модом ки баҳси шумо дар хусуси суханон, номҳо ва шариататон аст,+ худатон ин масъаларо ҳал кунед. Ман дар ин кор довар будан намехоҳам». 16 Инро гуфта, ӯ онҳоро аз назди курсии доварӣ пеш кард. 17 Он гоҳ ҳамаи онҳо нозири ибодатхона — Сӯстинисро,+ дошта, дар рӯ ба рӯйи курсии доварӣ заданд, вале Ғолиюн ба ин тамоман аҳамият надод.
18 Пас аз он ки Павлус рӯзҳои зиёд дар он ҷо истод, бо бародарон хайрухуш карда, ба киштӣ савор шуд ва ҳамроҳи Прискилову Акило ба Сурия равона гашт. Дар Канхария+ ӯ мӯйи сарашро паст кард, зеро назр карда буд*. 19 Вақте ки ба Эфсӯс расиданд, ӯ онҳоро дар он ҷо монда, худаш ба ибодатхона даромад ва бо яҳудиён гуфтугӯ кард.+ 20 Ҳарчанд онҳо аз ӯ хоҳиш карданд, ки дар он ҷо бисёртар монад, ӯ розӣ нашуд 21 ва бо онҳо хайрухуш карда, гуфт: «Агар Яҳува хоҳад, боз назди шумо меоям». Пас аз ин ӯ ба киштӣ савор шуда, аз Эфсӯс 22 ба Қайсария омад. Баъд роҳашро давом дода*, ҷамоатро хабар гирифт ва сипас ба Антиохия равона шуд.+
23 Баъд аз он ки муддате дар он ҷо истод, боз ба роҳ баромад ва дар сарзамини Ғалотияву Фриҷия+ аз ҷое ба ҷое сафар карда, ҳамаи шогирдонро устувор мегардонд.+
24 Дар ин миён Апуллус+ ном яҳудие, ки аз Искандария буд, ба Эфсӯс омад. Ӯ марди суханвар буд ва Навиштаҳоро хуб медонист. 25 Апуллус роҳи Яҳуваро даҳонакӣ таълим гирифта буд ва бо ҷӯшу хурӯши рӯҳ дар бораи Исо сухан ронда, дуруст таълим медод, ҳол он ки танҳо таъмиди Яҳёро медонист. 26 Ӯ дар ибодатхона далерона сухан мегуфт ва, вақте Прискилову Акило+ инро шуниданд, ӯро ҳамроҳи худ гирифта, роҳи Худоро ба ӯ аниқтар фаҳмонданд. 27 Ҳамчунин, азбаски ӯ ба Охоия рафтанӣ буд, бародарон ба шогирдони он ҷо нома навишта, хоҳиш карданд, ки ӯро гарму ҷӯшон қабул кунанд. Чун ӯ ба он ҷо омад, ба касоне, ки аз лутфу марҳамати Худо имон оварда буданд, кумаки зиёд кард, 28 зеро бо ҷидду ҷаҳд ва далелҳо дар пеши ҳама раҳгумии яҳудиёнро исбот мекард ва аз Навиштаҳо ба онҳо нишон медод, ки Исо Масеҳ аст.+