1 Подшоҳон
7 Мардони Қирят-Яърим омада, сандуқи Яҳуваро ба хонаи Абинодоб,+ ки бар теппа ҷойгир буд, бурданд ва писари ӯ, Элъозорро, таъйин карданд*, ки сандуқи Яҳуваро нигаҳбонӣ кунад.
2 Сандуқ айёми зиёде, 20 сол, дар Қирят-Яърим буд ва тамоми хонадони Исроил бо гиряву нола Яҳуваро ҷӯё шуд.+ 3 Он гоҳ Самуил ба тамоми хонадони Исроил гуфт: «Агар шумо бо тамоми дил+ сӯйи Яҳува баргаштанӣ бошед, худоёни бегона+ ва бутҳои Аштораро+ аз миёни худ дур созед ва дили худро пурра ба Яҳува бахшида, танҳо ба ӯ хизмат кунед+ ва ӯ шуморо аз дасти фалиштиён халос мекунад».+ 4 Исроилиён Баалҳо ва Аштораҳоро аз худ дур сохта, танҳо ба Яҳува хизмат карданд.+
5 Он гоҳ Самуил гуфт: «Тамоми Исроилро дар Мисфо+ ҷамъ оред ва ман дар ҳаққи шумо ба Яҳува дуо мегӯям».+ 6 Исроилиён дар Мисфо ҷамъ омаданд ва об кашида, онро ба ҳузури Яҳува рехтанд ва дар он рӯз рӯза гирифтанд.+ Онҳо гуфтанд: «Мо бар зидди Яҳува гуноҳ кардем».+ Пас аз ин Самуил исроилиёнро дар Мисфо доварӣ кардан гирифт.+
7 Фалиштиён шуниданд, ки исроилиён дар Мисфо ҷамъ омадаанд, ва ҳокимони фалиштӣ+ бар зидди Исроил баромаданд. Вақте исроилиён аз ин хабардор шуданд, аз фалиштиён тарсиданд. 8 Исроилиён ба Самуил гуфтанд: «Худоямон Яҳуваро беист зориву илтиҷо кун, ки ба мо ёрӣ диҳад+ ва моро аз дасти фалиштиён халос кунад». 9 Самуил барраи ширхорро гирифта, онро пурра чун қурбонии сӯхтанӣ ба Яҳува пешкаш кард.+ Самуил аз Яҳува илтимос кард, ки ба Исроил дасти ёрӣ дароз кунад, ва Яҳува ба дуои ӯ ҷавоб дод.+ 10 Вақте Самуил қурбонии сӯхтаниро пешкаш мекард, фалиштиён наздик омаданд, то бо исроилиён биҷанганд, ва бо амри Яҳува дар он рӯз аз осмон раъди сахте ғуррид+ ва Худо фалиштиёнро бесаранҷом кард+ ва онҳо дар пеши исроилиён шикаст хӯрданд.+ 11 Мардони Исроил аз Мисфо баромада, аз паси фалиштиён сур карданд ва онҳоро то ҷануби Байт-Кор зарба заданд. 12 Он гоҳ Самуил сангеро гирифта,+ дар байни Мисфо ва Ешоно гузошт ва онро Эбен-Эзер* номиду гуфт: «То ин дам Яҳува ба мо мадад кард».+ 13 Ҳамин тавр фалиштиён мағлуб шуданд ва дигар ба замини исроилиён ҳуҷум накарданд.+ Тамоми рӯзҳои Самуил дасти Яҳува бар зидди фалиштиён буд.+ 14 Исроилиён шаҳрҳоеро, ки фалиштиён аз Эқрӯн то Ҷат забт карда буданд, баргардонданд ва заминҳои атрофи онҳоро аз дасти фалиштиён раҳо карданд.
Ҳамчунин байни исроилиёну амӯриён сулҳ буд.+
15 Самуил тамоми умри худ Исроилро доварӣ мекард.+ 16 Ҳар сол ӯ давр зада ба Байт-Ил,+ Ҷилҷол+ ва Мисфо+ мерафт ва исроилиёнро дар ин ҷойҳо доварӣ мекард. 17 Баъд ӯ ба Ромо бармегашт,+ зеро хонааш дар он ҷо буд, ва дар он ҷо низ исроилиёнро доварӣ мекард. Самуил дар Ромо барои Яҳува қурбонгоҳе сохт.+