1 Воқеанома
29 Шоҳ Довуд ба тамоми ҷамоат гуфт: «Писарам Сулаймон, ки Худо ӯро интихоб кардааст,+ ҷавон ва камтаҷриба* аст,+ ин кор бошад, бузург аст, зеро ин ибодатгоҳ* на барои инсон, балки барои Яҳува Худост.+ 2 Ман қувватамро дареғ надошта барои хонаи Худоям тилло барои ашёи тиллоӣ, нуқра барои ашёи нуқрагин, мис барои ашёи мисин, оҳан барои ашёи оҳанин,+ чӯб+ барои ашёи чӯбин, сангҳои рухом, сангҳое, ки часпонда мешаванд, сангчаҳои рангоранги ороишӣ, сангҳои қиматбаҳои гуногун ва рухоми гачии бисёре ҷамъ кардаам. 3 Аз муҳаббат ба хонаи Худоям+ бар замми ҳамаи чизҳое, ки барои хонаи муқаддас тайёр кардаам, барои хонаи Худои худ аз ганҷинаам+ тилло ва нуқра медиҳам, 4 яъне 3000 киккар* тиллои Ӯфир+ ва 7000 киккар нуқраи тоза барои рӯкаш кардани деворҳои ҳуҷраҳо, 5 барои ашёи тиллоиву нуқрагин ва барои тамоми корҳои ҳунармандон. Пас, боз кӣ мехоҳад имрӯз ба Яҳува ҳадия биёрад?»+
6 Он гоҳ мирони хонаводаҳо, мирони қабилаҳои Исроил, мириҳазорҳо, мирисадҳо+ ва сарварони корҳои подшоҳ+ бо ихтиёри худ омада, 7 барои хизмати хонаи Худо 5000 киккар тилло, 10 000 дарик*, 10 000 киккар нуқра, 18 000 киккар мис ва 100 000 киккар оҳан доданд. 8 Ҳар касе, ки сангҳои қиматбаҳо дошт, онҳоро ба ганҷинаи хонаи Яҳува дод, ки ба он Яҳиили+ ҷершӯнӣ+ ҷавобгар буд. 9 Мардум аз овардани ин ҳадияҳои ихтиёрӣ хурсанд буданд, зеро аз таҳти дил+ ба Яҳува ҳадия оварданд, ва шоҳ Довуд низ хеле хурсанд буд.
10 Сипас Довуд дар пеши тамоми ҷамоат Яҳуваро ситоиш карда гуфт: «Эй Яҳува, Худои падарамон Исроил, туро аз азал то абад ҳамду сано бод. 11 Эй Яҳува, бузургӣ,+ қудрат,+ зебоӣ ва шукӯҳу шавкат+ аз они туст, зеро ҳар он чӣ дар осмону замин аст, аз они туст.+ Подшоҳӣ аз туст, эй Яҳува,+ ва ту худро бар ҳама сарвар гузоштаӣ. 12 Сарвату ҷалол аз ҷониби туст+ ва ту бар ҳама ҳоким ҳастӣ,+ қудрату+ тавоноӣ+ дар дасти туст, бо бозуи худ ту метавонӣ бузург гардонӣ+ ва ба ҳама қувват бахшӣ.+ 13 Мо ба ту, эй Худои мо, шукрона мегӯем ва номи зебоятро ситоиш мекунем.
14 Ман ва халқам кистем, ки ба ту чунин ҳадияҳо орем? Охир, ҳама чиз аз ҷониби туст ва мо он чиро, ки аз дасти ту гирифтаем, ба ту додем. 15 Мо низ мисли бобоёнамон дар ҳузури ту ғарибу мусофирем,+ зеро рӯзҳои умрамон дар рӯйи замин мисли соя гузарон аст.+ 16 Эй Худоямон Яҳува, тамоми ин сарвате, ки мо барои сохтани хонае ба номи поки ту тайёр кардем, аз дасти туст ва ҳамаи он аз они туст. 17 Эй Худоям, ман медонам, ки ту дили касро тафтиш мекунӣ+ ва аз беайбии бандагонат шод мешавӣ.+ Ман аз таҳти* дил ҳамаи ин чизҳоро ҳадия кардам ва, аз дидани он ки ин халқи ҷамъомада бо ихтиёри худ ҳадия мекунад, беҳад шодам. 18 Эй Яҳува, Худои бобоёнамон Иброҳим, Исҳоқ ва Исроил, ин фикру ниятро то абад дар дили халқат нигоҳ дор ва дили онҳоро сӯйи худ равона соз.+ 19 Ба писарам Сулаймон диле ато кун, ки пурра бо ту бошад,*+ то тамоми амрҳо, ёдовариҳо ва дастурҳои туро риоя кунад+ ва ҳамаи инро ба ҷо оварда, ибодатгоҳеро*, ки барояш ин чизҳоро тайёр кардаам,+ бисозад».
20 Пас аз ин Довуд ба тамоми ҷамоат гуфт: «Худоятон Яҳуваро ҳамд гӯед». Тамоми ҷамоат Яҳува, Худои бобоёнашонро, ҳамд гуфт ва пеши Яҳува ва подшоҳ зону зада таъзим кард. 21 Онҳо дар рӯзи дигар низ ба Яҳува қурбониҳо оварданд ва ба Яҳува қурбониҳои сӯхтанӣ+ пешкаш карданд — 1000 буққаи ҷавон*, 1000 қӯчқор, 1000 барраи нар ва ҳадияҳои рехтаниеро,+ ки бо ин қурбониҳо оварда мешуданд. Онҳо барои тамоми Исроил қурбониҳои зиёде оварданд.+ 22 Дар он рӯз низ онҳо дар пеши Яҳува бо хурсандии бузург хӯрданду нӯшиданд+ ва дуюмбора Сулаймони писари Довудро подшоҳ карданд ва дар пеши Яҳува ӯро ба пешвоӣ ва Содӯқро ба коҳинӣ+ тадҳин намуданд*.+ 23 Сулаймон ба ҷойи падараш Довуд подшоҳ шуда бар тахти Яҳува нишаст.+ Ӯ комёб гашт ва тамоми исроилиён ба ӯ итоат мекарданд. 24 Тамоми мирон,+ ҷанговарони пурзӯр+ ва ҳамчунин ҳамаи писарони шоҳ Довуд+ тобеи шоҳ Сулаймон шуданд. 25 Яҳува Сулаймонро дар назари тамоми Исроил хеле бузург гардонд ва ба ӯ шукӯҳи шоҳонае ато намуд, ки ягон подшоҳи Исроил пеш аз ӯ надошт.+
26 Ҳамин тавр Довуди писари Исой бар тамоми Исроил ҳукмронӣ кард 27 ва рӯзҳои ҳукмронии ӯ бар Исроил 40 сол буд. Ӯ 7 сол дар Ҳебрӯн+ ва 33 сол дар Ерусалим ҳукмронӣ кард.+ 28 Ӯ умри дарозу+ бобарака дида аз ҳаёт, сарват ва ҷалол серу қаноатманд аз олам чашм пӯшид ва писараш Сулаймон ба ҷойи ӯ подшоҳ шуд.+ 29 Саргузашти шоҳ Довуд, аз аввал то охир, дар навиштаҷоти Самуили ғайбдон, Нотони+ пайғамбар ва Ҷоди+ пешбин оварда шудааст. 30 Дар онҳо ҳамчунин дар бораи ҳукмрониву қудрати ӯ ва воқеаҳое, ки бо ӯ, Исроил ва тамоми мамлакатҳои гирду атроф рӯй дода буданд, навишта шудааст.