Эзро
8 Инҳоянд сардорони хонаводаҳо ва рӯйхати оилаҳое, ки дар вақти ҳукмронии подшоҳ Ардашер аз Бобил ҳамроҳи ман баромаданд:+ 2 аз писарони Финҳос+ — Ҷершӯн, аз писарони Итомор+ — Дониёл, аз писарони Довуд — Ҳаттуш, 3 аз писарони Шаканё, аз насли Фаръуш — Закарё ва бо ӯ 150 мард, ки номҳояшон дар рӯйхат навишта шудааст, 4 аз писарони Поҳатмӯоб+ — Элёҳуинайи писари Зараҳё ва бо ӯ 200 мард, 5 аз писарони Затту+ — Шаканёи писари Яҳазиил ва бо ӯ 300 мард, 6 аз писарони Один+ — Обиди писари Юнотон ва бо ӯ 50 мард, 7 аз писарони Элом+ — Ишаъёи писари Аталё ва бо ӯ 70 мард, 8 аз писарони Шафатёҳу+ — Забадёи писари Микоил ва бо ӯ 80 мард, 9 аз писарони Юоб — Убадёи писари Яҳиил ва бо ӯ 218 мард, 10 аз писарони Бонӣ — Шелӯмити писари Юсифё ва бо ӯ 160 мард, 11 аз писарони Бебой+ — Закарёи писари Бебой ва бо ӯ 28 мард, 12 аз писарони Азҷод+ — Юҳонони писари Ҳақоттон ва бо ӯ 110 мард, 13 аз писарони Адуниқом,+ онҳое, ки охирон баргаштанд — Элифолат, Яиил, Шамаъёҳу ва бо онҳо 60 мард 14 ва аз писарони Биҷвай+ — Утай ва Заббуд ва бо онҳо 70 мард.
15 Ман онҳоро назди дарёе, ки ба Аҳаво+ ҷорӣ мешавад, ҷамъ овардам ва мо се рӯз дар он ҷо истодем. Аммо, вақте ман мардум ва коҳинонро аз назар гузарондам, дар байни онҳо ягон левизода наёфтам. 16 Бинобар ин ман барои овардани одамони зерин кас фиристодам: Элиезер, Ариил, Шамаъёҳу, Элнотон, Ёриб, Элнотон, Нотон, Закарё ва Машуллом, ки аз сарварон буданд, ва Юрибу Элнотон, ки аз устодон буданд. 17 Пас аз ин онҳоро назди Иддӯ ном марде, ки дар мавзеи Каспиё сардор буд, равона кардам, то ба Иддӯ ва бародаронаш, ки дар Каспиё хизматгузорони ибодатгоҳ* буданд, бигӯянд, ки ба мо барои хонаи Худо хизматгузорон бифиристанд. 18 Азбаски дасти некуи Худоямон бар мо буд, онҳо Шарабё+ — марди бофаҳму хирадеро оварданд, ки аз писарони Маҳлӣ,+ набераи Левӣ, писари Исроил, буд. Ӯ ҳамроҳи писарон ва бародаронаш омад ва шумораашон 18 нафар буд. 19 Бо онҳо ҳамчунин Ҳашабё ва Ишаъёи марорӣ+ бо бародаронаш ва писарони онҳо омаданд, ки ҳамагӣ 20 нафар буданд. 20 Шумораи хизматгузорони ибодатгоҳ*, ки Довуд ва миронаш барои хизмати левизодагон дода буд, 220 нафар буд. Номи ҳамаи онҳо дар рӯйхат навишта шуда буд.
21 Баъд ман дар назди дарёи Аҳаво рӯзадорӣ эълон кардам, то худро дар пеши Худо хоксор гардонем ва барои сафар аз Худои худ роҳнамоӣ биҷӯем, то Худо мову фарзандонамон ва тамоми молу мулкамонро нигоҳ дорад. 22 Ман шарм доштам, ки аз подшоҳ сарбозон ва саворон талаб кунам, то моро дар роҳ аз душман нигаҳбонӣ кунанд, чунки ба подшоҳ чунин гуфта будем: «Дасти некуи Худоямон бар ҳамаи онҳоест, ки ба ӯ рӯ меоваранд*,+ вале қуввату ғазаби ӯ бар зидди ҳамаи онҳоест, ки аз ӯ рӯ мегардонанд».+ 23 Аз ин рӯ мо рӯза доштем ва аз Худои худ дар ин бора илтимос кардем ва ӯ илтимоси моро шунид.+
24 Баъд ман аз сардорони коҳинон 12 нафар — Шарабё, Ҳашабё+ ва даҳ нафар бародаронашонро, ҷудо кардам 25 ва нуқраву тилло ва ҳамаи ашёеро, ки подшоҳ, маслиҳатгарону миронаш ва тамоми исроилиёни он ҷо барои хонаи Худоямон хайрия карданд, баркашида, ба онҳо додам.+ 26 Ман 650 киккар* нуқра, 100 ашёи нуқрагине, ки вазнаш ду киккар буд, 100 киккар тилло, 27 20 нимкосаи тилло, ки қиматаш 1000 дарик* буд, ва ду ашёи сурхи ялаққосӣ, ки аз миси аълосифат буду аз тилло камӣ надошт, баркашида ба дасташон додам.
28 Баъд ман ба онҳо гуфтам: «Шумо барои Яҳува пок ҳастед+ ва ашёҳо низ пок ҳастанд ва ин нуқраву тилло барои Яҳува, Худои бобоёнатон, ҳадияи ихтиёрӣ мебошад. 29 Онҳоро эҳтиёт ва нигаҳбонӣ кунед, то даме ки ба Ерусалим бирасед, ва онҳоро баркашида, ба дасти сардорони коҳинон, левизодагон, мирони хонаводаҳои Исроил, ба ҳуҷраҳои* хонаи Яҳува, супоред».+ 30 Коҳинону левизодагон тиллову нуқра ва ашёҳоеро, ки баркашида ба онҳо доданд, гирифтанд, то ба Ерусалим, ба хонаи Худоямон, баранд.
31 Ниҳоят мо аз дарёи Аҳаво+ дур шудем ва рӯзи 12-уми моҳи якум+ ба Ерусалим равона шудем. Дар аснои роҳ дасти Худоямон бар мо буд ва ӯ моро аз дасти душман ва ҳамлаҳои ногаҳонӣ наҷот дод. 32 Баъд мо ба Ерусалим расидем+ ва дар он ҷо се рӯз истодем. 33 Дар рӯзи чорум мо нуқра, тилло ва ашёҳоро дар хонаи Худо баркашида, ба дасти Маримути+ писари Уриёи коҳин додем+ ва ҳамроҳи ӯ Элъозор, писари Финҳос, ва аз левизодагон Юзобод,+ писари Ешуа, ва Нуадё, писари Биннуй,+ буданд. 34 Ҳамаи инро ҳисоб карданду баркашиданд ва тамоми вазн навишта шуд. 35 Касоне, ки аз асирӣ баргашта буданд, ба Худои Исроил қурбониҳои сӯхтанӣ оварданд: 12 буққа+ барои тамоми Исроил, 96 қӯчқор,+ 77 барра ва 12 нарбуз+ чун қурбонии гуноҳ; ҳамаи ин чун қурбонии сӯхтанӣ барои Яҳува оварда шуд.+
36 Он гоҳ мо фармонҳои подшоҳро+ ба шаҳрбонони* подшоҳ ва ҳокимони сарзамини он тарафи дарёи бузург*+ расондем ва онҳо халқро дастгирӣ намуданд ва ҳар чизи лозимаро барои хонаи Худо доданд.+