Ишаъё
58 «Бо тамоми овоз фарёд зан, худдорӣ накун!
Овози худро чун садои шох баланд намо.
Ба халқи ман исёнашро+
Ва ба хонадони Яъқуб гуноҳҳояшро эълон кун.
2 Онҳо ҳар рӯз маро меҷӯянд,
Аз донистани роҳҳои ман хушҳолӣ мекунанд,
Гӯё халқи росткоре бошанд
Ва адолати Худои худро тарк накарда бошанд.+
Онҳо аз ман доварии одилона металабанд
Ва шоданд, ки ба Худо наздик мешаванд.+
3 Онҳо мегӯянд: “Чаро, вақте рӯза медорем, ту намебинӣ?+
Вақте ҷони худро азоб медиҳем, ин аз чашми ту пӯшида мемонад?”+
4 Поёни рӯзаи шумо ҷанҷолу занозанист,
Кори шумо бераҳмона мушт задан аст.
Ин хел рӯза дошта умедвор нашавед, ки дар осмон шунида мешавед.
5 Оё рӯзае, ки ба ман писанд аст, бояд чунин бошад?!
Оё дар ин рӯз одам бояд ҷонашро азоб диҳад,
Чун қамиш* сарашро хам кунад
Ва палосу* хокистарро ҷогаҳи худ созад?
Оё шумо ҳаминро рӯза ва рӯзи писанди Яҳува меномед?
6 Не, рӯзае, ки ба ман писанд аст, чунин аст:
7 Аз нони худ ба гурусна бидиҳед,+
Камбағалу бехонаро ба хона оред,
Бараҳнаеро дида либос пӯшонед+
Ва ба бародари худ пушт нагардонед.
8 Он гоҳ нури шумо мисли сапеда медурахшад+
Ва дарди шумо ба зудӣ шифо меёбад,
Росткориятон пешопеши шумо меравад
Ва ҷалоли Яҳува аз ақиб шуморо муҳофизат мекунад.+
9 Он гоҳ шумо сӯйи Яҳува фарёд мезанед ва ӯ ҷавоб медиҳад,
Мадад мепурсед ва ӯ мегӯяд: “Ман ин ҷоям!”
Агар юғро аз миёни худ дур кунед,
Ба касе бо ангушт ишора накунеду бадгӯйӣ нанамоед,+
10 Он чиро, ки дилатон мекашад, ба камбағал диҳед+
Ва ба азобдидагон ғамхорӣ намоед,
Он гоҳ нури шумо дар торикӣ медурахшад
Ва тирагии шумо мисли нисфирӯзӣ мешавад.+
11 Он гоҳ Яҳува доимо шуморо роҳнамоӣ мекунад
Ва ҳатто дар замини хушкида шуморо сер менамояд.+
Ӯ ба устухонҳои шумо қувват мебахшад
Ва шумо мисли боғи сероб,+
Мисли чашмаи обе мегардед, ки ҳеҷ гоҳ хушк намешавад.
12 Ба хотири шумо вайронаҳои қадимаро обод мекунанд+
Ва шумо таҳкурсиҳоеро, ки наслҳои насл хароба буданд, барқарор менамоед.+
Шумо таъмиргари деворҳои шикаста ва ободгари роҳҳо номида мешавед+
Ва одамон назди он роҳҳо сокин мегарданд.
13 Агар ба хотири рӯзи шанбе шумо дар рӯзи муқаддаси ман аз пайи фоидаи* худ нашавед,+
Шанберо шодии бузург, рӯзи муқаддаси Яҳува ва рӯзи ҷалол номед,+
Аз пайи фоидаи худ нашаведу гапҳои беҳуда назанед, балки рӯзи шанберо ҷалол диҳед,
14 Он гоҳ дар Яҳува шодии бузург меёбед
Ва ман баландиҳои заминро зердасти шумо мекунам.+
Ман тавре мекунам, ки шумо аз мероси бобоятон Яъқуб бихӯред,+
Зеро инро даҳони Яҳува гуфтааст».