1 Мӯсо
31 Чанде пас Яъқуб шунид, ки писарони Лобон чунин мегӯянд: «Яъқуб тамоми дороии падарамонро аз худ кардааст ва аз ҳисоби падари мо барои худ боигарӣ ҷамъ овардааст».+ 2 Яъқуб медид, ки Лобон дигар ба вай рӯйи хуш намедиҳад.+ 3 Ниҳоят Яҳува ба Яъқуб гуфт: «Ба замини падарони худ ва назди хешовандони худ баргард+ ва ман бо ту хоҳам буд». 4 Яъқуб кас фиристода, ба Роҳел ва Леё гуфт, ки ба саҳро, назди рамаи ӯ, биёянд. 5 Ӯ ба онҳо гуфт:
«Ман дидам, ки падари шумо дигар ба ман рӯйи хуш намедиҳад,+ лекин Худои падарам бо ман буд.+ 6 Худи шумо медонед, ки ман қувватамро дареғ надошта ба падари шумо хизмат кардаам.+ 7 Аммо падари шумо маро ба бузбозӣ андохт ва даҳ бор музди маро иваз кард, лекин Худо нагузошт, ки ман зараре бинам. 8 Вақте ӯ мегуфт, ки чорпоёни алобуло музди ман шаванд, тамоми рама алобуло мезоид. Лекин, вақте ӯ мегуфт, ки чорпоёни рах-рах музди ман шаванд, тамоми рама рах-рах мезоид.+ 9 Худо чорвои падари шуморо аз ӯ гирифта, ба ман медод. 10 Боре, вақте чорво омезиш меёфт, ман дар хоб чашмони худро боло карда, дидам, ки нарбузҳое, ки бо бузҳо омезиш меёфтанд, ҳамаашон рах-рах, алобуло ва хол-хол буданд.+ 11 Он гоҳ фариштаи Худо дар хоб ба ман гуфт: “Яъқуб!” Ман гуфтам: “Лаббай”. 12 Ӯ гуфт: “Чашмони худро бардошта бубин, ки тамоми нарбузҳое, ки бо бузҳо омезиш меёбанд, рах-рах, алобуло ва хол-хол ҳастанд, зеро ман ҳар он чиро, ки Лобон дар ҳаққи ту кардааст, дидам.+ 13 Ман ҳамон Худое ҳастам, ки дар Байт-Ил+ ба ту намудор шудам, дар ҷое, ки ту бар сутун равған рехта, онро тадҳин кардӣ* ва ба ман назр кардӣ*.+ Акнун бархез ва аз ин замин баромада, ба зодгоҳи худ баргард”».+
14 Роҳел ва Леё дар ҷавоб ба ӯ гуфтанд: «Магар дар хонаи падарамон бароямон меросе ҳаст? 15 Магар дар назари ӯ бегона нестем? Охир, ӯ моро фурӯхт ва пулеро, ки барои мо дода шудааст, мехӯрад.+ 16 Тамоми боигарие, ки Худо аз падарамон гирифт, аз они мо ва аз они фарзандони мост.+ Пас, ҳамон тавре бикун, ки Худо ба ту гуфтааст».+
17 Яъқуб бархоста, занону фарзандонашро ба шутурҳо савор кард+ 18 ва тамоми рамаи худ ва тамоми дороияшро ҷамъ кард.+ Ӯ тамоми чорвоеро, ки дар Фаддони Арам ҷамъ оварда буд, бо худ гирифта, назди падараш Исҳоқ ба замини Канъон равона шуд.+
19 Вақте Лобон ба тарошидани пашми гӯсфандонаш рафт, Роҳел бутҳои*+ падарашро дуздид.+ 20 Яъқуб бошад, ҳушёрӣ карда, бе он ки Лобони арамиро хабардор кунад, гурехт. 21 Ӯ гурехт ва бо тамоми чизу чорааш ба он тарафи дарёи бузург* гузашт.+ Пас аз ин вай сӯйи кӯҳистони Ҷилъод+ равона шуд. 22 Дар рӯзи сеюм ба Лобон хабар доданд, ки Яъқуб гурехтааст. 23 Он гоҳ Лобон хешовандонашро* ҳамроҳи худ гирифта, Яъқубро дунболагирӣ кард ва баъди ҳафт рӯз дар кӯҳистони Ҷилъод ба ӯ даррасид. 24 Худо шабона ба хоби Лобони арамӣ+ даромада,+ ба ӯ гуфт: «Эҳтиёт шав, ки ба Яъқуб гапи пасту баланде назанӣ».+
25 Вақте Лобон ба Яъқуб наздик шуд, ӯ дар кӯҳистон хайма зада буд ва Лобон низ ҳамроҳи хешовандонаш дар кӯҳистони Ҷилъод хайма зад. 26 Лобон ба Яъқуб гуфт: «Ин чӣ коре буд, ки кардӣ? Барои чӣ маро фиреб додӣ ва духтаронамро, мисли он ки бо шамшер асир карда бошӣ, гирифта бурдӣ? 27 Барои чӣ пинҳонӣ гурехтӣ ва маро фиреб дода як даҳан ҳам нагуфтӣ? Агар ту ба ман мегуфтӣ, ман бо шодиву суруд ва бо дафу чанг туро гусел мекардам. 28 Лекин ту намондӣ, ки ман набераҳо* ва духтаронамро бибӯсам. Ин корат беақлона буд. 29 Аз дастам меояд, ки ба шумо зарар расонам, лекин Худои падаратон шаби гузашта ба ман чунин гуфт: “Эҳтиёт шав, ки ба Яъқуб гапи пасту баланде назанӣ”.+ 30 Ту хонаи падаратро ёд карда ба он ҷо рафтанӣ шудӣ, лекин бутҳои маро барои чӣ дуздидӣ?»+
31 Яъқуб ба Лобон гуфт: «Ман тарсидам ва ба худ гуфтам, ки, агар ту хабар ёбӣ, духтаронатро аз ман кашида мегирӣ. 32 Бутҳоро бошад, дар дасти касе, ки ёбӣ, бигзор ӯ зинда намонад. Дар шоҳидии хешовандонамон чизу чораи маро тафтиш кун ва, агар ягон чизатро ёбӣ, онро бигир». Аммо Яъқуб намедонист, ки он бутҳоро Роҳел дуздидааст. 33 Лобон ба хаймаи Яъқуб, хаймаи Леё ва хаймаи ду каниз+ даромад, лекин дар он ҷо чизе наёфт. Сипас ӯ аз хаймаи Леё баромада, ба хаймаи Роҳел даромад. 34 Роҳел бошад, бутҳоро гирифта, ба таги зини шутур гузошта буд ва худаш дар болои он менишаст. Лобон тамоми хаймаи ӯро тагурӯ карда чизе наёфт. 35 Роҳел ба падараш гуфт: «Бигзор хоҷаам хашмгин нашавад, ки ман дар пешаш нахестам, зеро он чӣ одатан бо занон мешавад, бо ман рӯй додааст».+ Ҳамин тавр, Лобон бисёр кофтуков карда чизе+ наёфт.
36 Яъқуб ба қаҳр омад ва Лобонро танқид карда гуфт: «Барои кадом гуноҳ ва барои кадом хатоям ту ин қадар аз пасам сур мекунӣ? 37 Аз байни чизу чораи ман ту чӣ чизатро ёфтӣ? Онро дар пеши хешовандонамон бимон ва бигзор онҳо ҳар дуи моро доварӣ кунанд. 38 Дар ин 20 соле, ки ман бо ту будам, гӯсфандону бузҳои ту ягон бор бача напартофтанд+ ва ман боре ҳам гӯшти қӯчқорони туро нахӯрдам. 39 Ман боре ҳам ба ту чорпоеро, ки ҳайвонҳои ваҳшӣ дарронда буданд, наовардаам,+ ҳама вақт харҷашро худам рӯпӯш мекардам. Хоҳ чорпо рӯзона дуздида мешуд, хоҳ шабона, ту онро аз дасти ман талаб мекардӣ. 40 Рӯзона аз гармо азоб мекашидаму шабона аз сармо ва хоб аз чашмонам мегурехт.+ 41 20 соли умрам дар хизмати ту гузашт. Ман 14 сол барои ду духтарат ва 6 сол барои чорвоят ба ту хизмат кардам ва ту даҳ бор музди маро дигар кардӣ.+ 42 Агар Худои падарам,+ Худои Иброҳим ва он Худое, ки Исҳоқ аз ӯ метарсад,+ пуштибони ман намебуд, ту маро дасти холӣ мефиристодӣ. Худо азоби ман ва заҳмати дастони маро дид ва барои ҳамин дина шаб туро сарзаниш кард».+
43 Он гоҳ Лобон ба Яъқуб ҷавоб гардонда гуфт: «Ин духтарон духтарони мананд ва ин фарзандон фарзандони мананд ва чорво чорвои ман аст, ҳар он чӣ ту мебинӣ, аз они ман ва аз они духтарони ман аст. Чӣ тавр ман метавонам ба онҳо ва ба фарзандоне, ки онҳо зодаанд, чизе бикунам? 44 Пас, биё байни худ аҳд бандем, то ки байни ману ту гувоҳ бошад». 45 Он гоҳ Яъқуб сангеро гирифта, онро мисли сутун рост гузошт.+ 46 Ӯ ба хешовандони худ гуфт: «Санг ҷамъ кунед!» Онҳо санг ҷамъ оварда, тӯдае карданд ва бар болои он хӯрок хӯрданд. 47 Лобон онро Яҷар-Соҳадуто* номид, Яъқуб бошад — Ҷалъед*.
48 Лобон гуфт: «Ин тӯдаи сангҳо имрӯз байни ману ту шоҳид аст». Барои ҳамин онро Ҷалъед+ 49 ва Бурҷи дидбонӣ номид ва гуфт: «Бигзор, вақте аз назари якдигар дур ҳастем, Яҳува байни ману ту дидбонӣ кунад. 50 Агар ту духтарони маро озор диҳӣ ва ба болои онҳо зан бигирӣ, каси дигар набинад ҳам, Худо мебинад ва ӯ байни ману ту шоҳид аст». 51 Лобон гапашро давом дода ба Яъқуб гуфт: «Ана, он тӯдаи сангҳо ва ана, сутуне, ки байни худаму ту гузоштам. 52 Ин тӯдаи сангҳо шоҳид аст ва сутун гувоҳӣ медиҳад,+ ки ман барои ба ту зарар расондан аз ин тӯда он сӯ намегузарам ва ту низ барои ба ман зарар расондан аз тӯда ва сутун ин сӯ намегузарӣ. 53 Бигзор Худои Иброҳим+ ва Худои Ноҳӯр, Худои падарашон, ману туро доварӣ кунад». Он гоҳ Яъқуб бо Худое, ки падараш Исҳоқ аз ӯ метарсид, қасам хӯрд.+
54 Яъқуб бар он кӯҳ қурбонӣ оварда, хешовандони худро барои нон хӯрдан таклиф кард ва онҳо хӯрданду шабро дар кӯҳистон гузаронданд. 55 Лобон саҳари барвақт аз хоб хест ва наберагону* духтаронашро бӯсиду онҳоро дуои нек кард.+ Пас аз ин ӯ ба роҳ баромада, ба хонаи худ баргашт.+