1 Подшоҳон
19 Чанде пас Шоул ба писараш Юнотон ва ҳамаи ходимонаш гуфт, ки мехоҳад Довудро бикушад.+ 2 Азбаски Юнотони писари Шоул Довудро хеле дӯст медошт,+ ба ӯ гуфт: «Падарам Шоул туро куштан мехоҳад. Илтимос, пагоҳ, саҳаргоҳон, эҳтиёт шав ва ба ягон ҷойи панаҳ рафта, пинҳон шав. 3 Ман берун омада, дар саҳрое, ки ту дар он ҷо хоҳӣ буд, дар бари падарам меистам ва бо ӯ дар бораи ту гап мезанам. Агар аз чизе хабардор шавам, албатта ба ту мерасонам».+
4 Юнотон бо падараш Шоул гап зада дар бораи Довуд суханони нек гуфт.+ Вай ба падараш гуфт: «Бигзор подшоҳ дар ҳаққи бандааш Довуд гуноҳе накунад, чунки ӯ бар зидди ту гуноҳе накардааст ва он чӣ кардааст, ба фоидаи ту мебошад. 5 Ӯ ҷонашро дар хатар гузошта он фалиштиро кушт+ ва Яҳува ба тамоми Исроил ғалабаи* бузурге ато кард. Ту инро дида беҳад шодӣ кардӣ. Пас, чӣ лозим аст, ки Довудро беҳуда бикушӣ ва хуни бегуноҳеро рехта гуноҳ кунӣ?»+ 6 Шоул ба суханони Юнотон гӯш дод ва қасам хӯрда гуфт: «Ба номи Яҳува, Худои зинда, қасам ки, ӯ нахоҳад мурд». 7 Пас аз ин Юнотон Довудро фарёд карда, ҳама чиро ба ӯ гуфт. Юнотон Довудро ба назди Шоул оварду ӯ ба Шоул хизмат карданро давом дод.+
8 Баъди чанд вақт боз ҷанг сар шуд ва Довуд баромада, бо фалиштиён ҷангид ва бисёре аз онҳоро кушт, боқимондаи душман бошад, аз пеши ӯ гурехт.
9 Рӯзе, вақте ки Шоул найза дар даст дар хонаи худ менишаст ва Довуд чанг менавохт,+ рӯҳи баде аз ҷониби Яҳува Шоулро фаро гирифт.+ 10 Шоул хост, ки найза партофта Довудро ба девор бидӯзад, аммо ӯ худро як сӯ кашид ва найза ба девор бархӯрд. Довуд он шаб гурехта халос шуд. 11 Дертар Шоул ба хонаи Довуд кас фиристод, то ӯро поида, саҳарӣ бикушанд,+ аммо Микал, зани Довуд, ба ӯ гуфт: «Агар имшаб нагурезӣ, пагоҳ ҳатман кушта мешавӣ». 12 Микал дарҳол Довудро аз тиреза фаровард, то ӯ гурехта халос хӯрад. 13 Микал бутро* гирифта, ба ҷогаҳ гузошт ва тӯреро аз пашми буз ба ҷойи сараш монд ва онро бо либосе пӯшонид.
14 Шоул кас фиристод, то Довудро дастгир кунанд, аммо Микал ба онҳо гуфт: «Вай касал аст». 15 Шоул боз кас фиристод, ки Довудро бубинанд, ва ба онҳо гуфт: «Вайро бо ҷойгаҳаш ба наздам оред, то ки ӯро бикушам».+ 16 Вақте он одамон даромаданд, диданд, ки дар ҷогаҳ бут* ва ба ҷойи сараш тӯре аз пашми буз гузошта шудааст. 17 Шоул ба Микал гуфт: «Барои чӣ маро фиреб кардӣ ва душманамро+ сар додӣ, ки халос ёбад?» Микал дар ҷавоб гуфт: «Ӯ ба ман чунин гуфт: “Маро халос кун ки, туро мекушам”».
18 Довуд гурехта халос шуд ва ба назди Самуил, ба Ромо,+ омад. Ӯ ба Самуил ҳар чиро, ки Шоул дар ҳаққаш кард, нақл намуд. Сипас Довуду Самуил рафта, дар Ноют истоданд.+ 19 Пас аз чанд вақт ба Шоул хабар доданд: «Довуд дар Ноюти Ромо аст». 20 Шоул дарҳол кас фиристод, ки Довудро дастгир кунанд. Вақте одамони Шоул омада, диданд, ки пайғамбарони пиронсол пайғамбарӣ мекунанд ва Самуил истода бар онҳо роҳбарӣ мекунад, рӯҳи Худо бар фиристодагони Шоул фаромад ва онҳо низ мисли пайғамбарон рафтор карданд.
21 Вақте ки инро ба Шоул хабар доданд, ӯ зуд касони дигарро фиристод, аммо онҳо низ мисли пайғамбарон рафтор карданд. Он гоҳ Шоул дастаи сеюмро равона кард, аммо инҳо низ мисли пайғамбарон рафтор кардан гирифтанд. 22 Ниҳоят худи Шоул ба Ромо рафт. Вақте ки ӯ ба обанбори калони Сеху расид, пурсид: «Самуил ва Довуд дар куҷоянд?» Ба ӯ ҷавоб доданд: «Дар Ноюти+ Ромо». 23 Вақте Шоул аз он ҷо ба Ноюти Ромо мерафт, рӯҳи Худо бар ӯ низ фаромад ва ӯ дар роҳ, то ба Ноюти Ромо расиданаш, мисли пайғамбар рафтор кард. 24 Ӯ низ либоси худро кашид ва дар пеши Самуил мисли пайғамбар рафтор кард. Ӯ тамоми он рӯз ва тамоми шаб бараҳна* хобид, аз ин рӯ чунин мегӯянд: «Наход Шоул ҳам дар қатори пайғамбарон бошад?»+