Доварон
20 Ниҳоят ҳамаи исроилиён аз Дон+ то Баир-Шобаъ ва аз сарзамини Ҷилъод+ берун омаданд ва тамоми халқ як тан шуда, дар Мисфо+ пеши Яҳува ҷамъ омад. 2 Сарварони халқу тамоми қабилаҳои Исроил дар ҷамоати Худо, ки аз 400 000 сарбози пиёдаи шамшерзан иборат буд, ҷойҳои худро ишғол карданд.+
3 Бинёминиён шуниданд, ки мардони Исроил ба Мисфо омадаанд.
Мардони Исроил гуфтанд: «Бигӯед, ки ин даҳшат чӣ тавр рӯй дод?»+ 4 Он гоҳ левизода,+ шавҳари зане, ки кушта шуда буд, гуфт: «Ман бо суррияам ба Ҷибъои Бинёмин омадам,+ то шабро дар он ҷо рӯз кунам. 5 Сокинони* Ҷибъо бошанд, бо қасди бад ба сари ман омада, шабона хонаро гирд карданд. Онҳо маро куштанӣ буданд, лекин баъд суррияамро таҷовуз карданд ва ӯ аз ин мурд.+ 6 Ман ҷасади суррияамро гирифта, пора-пора кардам ва ба ҳар як мулки Исроил фиристодам,+ зеро он одамон дар Исроил шармандагии гӯшношуниде карданд. 7 Акнун, эй халқи Исроил, маслиҳат кунед ва бигӯед, ки чӣ кор кунем».+
8 Он гоҳ тамоми халқ якдилона бархеста, гуфт: «Ҳеҷ касе аз мо ба хаймаи худ намеравад ва ба хонаи худ барнамегардад. 9 Бо Ҷибъо чунин мекунем: мо қуръа партофта, бар зидди он мебароем.+ 10 Мо аз ҳар қабилаи Исроил 10 касро аз байни 100 нафар, 100 касро аз 1000 ва 1000 касро аз 10 000 нафар ҷудо мекунем, то ки барои лашкар озуқа ҷамъ оранд, ва лашкар бар зидди Ҷибъои Бинёмин барояд, зеро сокинонаш дар Исроил кори гӯшношуниде карданд». 11 Бо ҳамин тамоми мардони Исроил муттаҳид шуданд ва чун як тан муқобили он шаҳр ҷамъ омаданд.
12 Сипас қабилаҳои Исроил ба қабилаи Бинёмин кас фиристода, гуфтанд: «Ин чӣ даҳшатест, ки дар миёни шумо рӯй дод? 13 Акнун он мардони нобакори Ҷибъоро ба дасти мо супоред,+ то ин ки онҳоро қатл карда, Исроилро аз бадӣ пок созем».+ Аммо бинёминиён аз гӯш додан ба бародарони худ, ба исроилиёни дигар, сар тофтанд.
14 Он гоҳ бинёминиён аз шаҳрҳои худ сӯйи Ҷибъо ҷамъ омаданд, то бар зидди мардони Исроил бароянд. 15 Дар он рӯз, ғайр аз 700 марди яккачине, ки аз Ҷибъо буданд, аз шаҳрҳои бинёминиён 26 000 марди шамшерзан ҷамъ шуд. 16 Дар ин лашкар 700 марди яккачини чапдаст буд. Ҳар яки онҳо сангандозе буд, ки сангаш ҳатто ба қадри як тори мӯй хато намехӯрд*.
17 Исроилиёни дигаре, ки ҷамъ омаданд, 400 000 марди шамшерзан буданд+ ва ҳар яки онҳо ҷанговари кордида буд. 18 Онҳо бархеста, ба Байт-Ил баромаданд, то аз Худо роҳнамоӣ пурсанд.+ Исроилиён гуфтанд: «Кӣ дар ҷанги зидди Бинёмин пешсаф шавад?» Яҳува ҷавоб дод: «Яҳудо пешсаф шавад».
19 Баъд аз ин исроилиён саҳар бархеста, дар муқобили Ҷибъо урду заданд.
20 Мардони Исроил бар зидди Бинёмин ба ҷанг баромаданд. Онҳо дар назди Ҷибъо барои ҷанг саф кашиданд. 21 Бинёминиён аз Ҷибъо баромада, 22 000 исроилиро дар он рӯз зарба зада куштанд. 22 Вале лашкари Исроил далерӣ карда, дар ҳамон ҷое ки рӯзи аввал саф баста буд, аз нав барои ҷанг саф кашид. 23 Исроилиён баромада, дар пеши Яҳува то бегоҳ гиря карданд ва аз Яҳува пурсиданд: «Оё боз бар зидди бародарони худ, халқи Бинёмин, ба ҷанг бароем?»+ Яҳува гуфт: «Бароед».
24 Исроилиён дар рӯзи дуюм ба бинёминиён наздик омаданд. 25 Бинёмин низ дар рӯзи дуюм аз Ҷибъо муқобили онҳо баромада, 18 000 исроилии дигарро, ки ҳамаашон шамшерзан буданд, куштанд.+ 26 Он гоҳ тамоми мардони Исроил ба Байт-Ил рафтанд. Онҳо дар он ҷо ба ҳузури Яҳува нишаста, гиря карданд.+ Дар он рӯз онҳо то бегоҳ рӯза дошта,+ ба Яҳува қурбониҳои сӯхтанӣ+ ва қурбониҳои осоиштагӣ+ пешкаш карданд. 27 Баъд аз ин мардони Исроил аз Яҳува роҳнамоӣ ҷустанд,+ зеро он рӯзҳо сандуқи аҳди Худо дар он ҷо буд. 28 Дар он айём Финҳоси+ писари Элъозори писари Ҳорун дар назди он хизмат мекард. Исроилиён пурсиданд: «Оё боз бар зидди бародарони худ, мардони Бинёмин, ба ҷанг бароем ё ҷангро бас кунем?»+ Яҳува гуфт: «Бароед, зеро пагоҳ онҳоро ба дасти шумо месупорам». 29 Бинобар ин исроилиён ҷанговарони худро гирдогирди Ҷибъо дар камингоҳҳо+ гузоштанд.
30 Исроилиён дар рӯзи сеюм низ бар зидди Бинёмин баромаданд ва рӯ ба рӯйи Ҷибъо чун дафъаҳои гузашта саф кашиданд.+ 31 Вақте ки бинёминиён бар зидди лашкар баромаданд, ҷангида аз шаҳр дур рафтанд.+ Онҳо мисли пештара ҳуҷум карда, чанде аз мардон, қариб 30 нафарро, дар роҳҳо, ки яке сӯйи Байт-Ил ва дигаре сӯйи Ҷибъо мебурд, дар саҳрои кушод, куштанд.+ 32 Он гоҳ бинёминиён гуфтанд: «Онҳо мисли пештара шикаст хӯрда истодаанд».+ Вале исроилиён мегуфтанд: «Мо ақиб менишинем ва онҳоро аз шаҳр дуртар, сӯйи роҳҳо, мебарем». 33 Ҳамаи мардони Исроил дар Баал-Томор саф кашиданд ва исроилиёни дигар аз каминҳое, ки дар атрофи Ҷибъо буданд, ҷаста баромаданд. 34 Вақте 10 000 марди яккачини Исроил назди Ҷибъо омаданд, ҳарбу зарби сахте шуд. Аммо бинёминиён надонистанд, ки фалокат қариб аст.
35 Яҳува Бинёминро назди Исроил шикаст дод+ ва дар он рӯз исроилиён 25 100 мардро аз Бинёмин, ки ҳамаашон ҷанговарони шамшерзан буданд, зарба зада куштанд.+
36 Вақте ки мардони Исроил аз пеши Бинёмин ақиб нишастанд, бинёминиён гумон карданд, ки душманонашон ҷангро бой медиҳанд.+ Исроилиён бошанд, аз он сабаб ақибнишинӣ карданд, ки бар зидди Ҷибъо камин гирифтани ҳамроҳонашонро медонистанд.+ 37 Каминварон дарҳол амал намуда, ба Ҷибъо ҳамла оварданд. Сипас онҳо ба ҳар сӯйи шаҳр рафтанд ва аҳли онро бо дами шамшер куштанд.
38 Мардони Исроил бо каминварон гапзанон карда буданд, ки, вақте онҳо ба шаҳр медароянд, инро бо дуди баланд ба онҳо хабар медиҳанд.
39 Вақте ки исроилиён дар рафти муҳориба қафо гашта буданд, мардони Бинёмин ҳуҷум карда, қариб 30 марди исроилиро куштанд.+ Бинёминиён гуфтанд: «Онҳо ин муҳорибаро чун дафъаи пешина бой медиҳанд».+ 40 Аммо аз шаҳр сутуни дуд, ки аломате буд, баланд шудан гирифт. Вақте ки мардони Бинёмин ба қафо нигаристанд, диданд, ки тамоми шаҳр дар оташ аст ва дуди он ба осмон мебарояд. 41 Он гоҳ мардони Исроил ба душман рӯ оварданд ва бинёминиён дил бой доданд, зеро фаҳмиданд, ки ба сарашон фалокат омад. 42 Онҳо аз пеши исроилиён сӯйи биёбон гурехтанд, вале ҷанговарон аз пасашон сур карданд. Ҳамчунин мардони дигар аз шаҳрҳои худ берун омада, онҳоро зарба заданд. 43 Мардони Исроил бинёминиёнро иҳота карданд ва онҳоро беист дунболагирӣ намуда, дар рӯ ба рӯйи Ҷибъо, дар тарафи шарқии он, шикаст доданд. 44 Дар ин задухӯрд 18 000 марди бинёминӣ, ки ҳама ҷанговарони тавоно буданд,+ кушта шуданд.
45 Мардони Бинёмин тоб хӯрда, ба биёбон, сӯйи кӯҳи Риммӯн+ гурехтанд ва исроилиён 5000 нафари онҳоро дар роҳҳо куштанд. Онҳо то худи Ҷидъӯм аз пасашон сур карданд ва боз 2000 мардро куштанд. 46 Шумораи бинёминиёне, ки дар он рӯз кушта шуданд, ба 25 000 нафар расид, ки ҳамаашон мардони шамшерзан+ ва ҷанговарони тавоно буданд. 47 Вале 600 нафар ба биёбон гурехта, дар кӯҳи Риммӯн паноҳ бурданд ва чор моҳ дар он ҷо буданд.
48 Мардони Исроил бошанд, сӯйи бинёминиён баргаштанд ва шаҳрҳоро, аз одамон то чорпоён, ҳар чиро ёфтанд, аз дами шамшер гузаронданд ва тамоми шаҳрҳои сари роҳашонро оташ заданд.