2 Мӯсо
13 Яҳува боз ба Мӯсо гуфт: 2 «Аз байни Исроил ҳар нахустзодаи наринаро барои ман ҷудо кун*. Ҳар наринаи нахустзодае, ки таваллуд мешавад, хоҳ одам бошад, хоҳ ҳайвон, аз они ман аст».+
3 Сипас Мӯсо ба халқ гуфт: «Ин рӯзро, ки аз Миср, аз хонаи ғуломӣ, озод шудед, ба хотир оред,+ зеро Яҳува бо дасти пурзӯр шуморо аз он ҷо берун овард.+ Пас, ягон чизи хамиртурушдор нахӯред. 4 Имрӯз, дар моҳи абиб*,+ шумо аз Миср берун омадед. 5 Яҳува шуморо ба замини канъониён, ҳиттиён, амӯриён, ҳиввиён ва ябусиён,+ ки онро ба бобоёнатон қасам хӯрда ваъда дода буд,+ меорад. Вақте ӯ шуморо ба замин, ки дар он ширу асал ҷорист,+ орад, дар ин моҳ ин маросимро ҷашн гиред. 6 Ҳафт рӯз фатир* хӯред+ ва дар рӯзи ҳафтум барои Яҳува ид кунед. 7 Ҳафт рӯз+ бояд фатир хӯред ва дар байни шумо набояд ягон чизе, ки хамиртуруш дорад, ёфт шавад.+ Дар ҳеҷ ҷойи зистатон набояд хамиртуруш ёфт шавад. 8 Дар он рӯз ба писарат бигӯй: “Ин ба хотири он корҳоест, ки Яҳува бароям ҳангоми аз Миср баромаданам кардааст”.+ 9 Ин барои ту чун аломате бар дастат ва, чун ёдгорие бар пешониат хоҳад буд,+ то шариати Яҳува дар даҳонат бошад, зеро Яҳува бо дасти пурзӯр туро аз Миср берун овард. 10 Ту бояд ин дастурро ба ҷо орӣ ва ин идро сол ба сол дар вақти муайян ҷашн гирӣ.+
11 Вақте Яҳува туро ба замини канъониён, ки ба туву бобоёнат қасам хӯрда ваъда додааст,+ орад, 12 ҳар наринаи нахустзодаро, ҳар нахустзодаи одам ва чорпоро, барои Яҳува ҷудо кун. Ин наринаҳо аз они Яҳува мебошанд.+ 13 Ҳар нахустзодаи харро бо гӯсфанд бозхарид кун ва, агар накунӣ, гарданашро шикан. Ҳар писари нахустзодаатро* бозхарид кун.+
14 Агар писарат дар оянда аз ту пурсад: “Барои чӣ ин маросимро ба ҷо меорӣ?”, ба ӯ бигӯй: “Яҳува моро бо дасти пурзӯр аз Миср, аз хонаи ғуломӣ, баровард.+ 15 Вақте фиръавн якравӣ карда моро ҷавоб надод,+ Яҳува дар замини Миср аз одам сар карда то ҳайвон, ҳамаи нахустзодаҳоро кушт.+ Барои ҳамин ман ҳар наринаи нахустзодаро барои Яҳува қурбон мекунам ва ҳар писари нахустзодаамро* бозхарид мекунам”. 16 Ин барои ту чун аломате бар дастат ва, чун пешонибанде бошад,+ зеро Яҳува моро бо дасти пурзӯр аз Миср баровард».
17 Вақте фиръавн халқро ҷавоб дод, Худо онҳоро бо роҳи замини фалиштиён набурд, ҳарчанд он кӯтоҳтар буд, зеро гуфт: «Мабодо ҷангро дида халқ пушаймон шавад ва ба Миср баргардад». 18 Худо халқро давр занонида бо роҳи биёбони баҳри Сурх бурд.+ Вақти аз замини Миср баромаданашон исроилиён мисли як лашкар, даста-даста шуда, баромаданд. 19 Мӯсо устухонҳои Юсуфро бо худ гирифт, чунки Юсуф писарони Исроилро қасами сахт дода гуфта буд: «Худо ҳатман сӯйи шумо назар мекунад ва шумо бояд устухонҳои маро бо худ баред».+ 20 Онҳо аз Суккӯт баромаданд ва дар Этом, дар як гӯшаи биёбон, хайма заданд.
21 Яҳува пешопеши халқ мерафт. Ӯ рӯзона бо сутуни абр онҳоро роҳнамоӣ менамуд+ ва шабона бо сутуни оташ роҳашонро равшан мекард, то онҳо ҳам рӯзона ва ҳам шабона роҳашонро давом диҳанд.+ 22 Рӯзона сутуни абр ва шабона сутуни оташ аз онҳо дур намешуд.+