Дониёл
8 Дар соли сеюми ҳукмронии подшоҳ Балшасар+ ман, Дониёл, бори дигар рӯъё дидам.+ 2 Вақте рӯъё медидам, дар қалъаи* Шушан,+ вилояти Элом,+ будам. Ҳангоми дидани рӯъё ман назди рӯди Улой будам. 3 Вақте чашмонамро бардоштам, дар назди рӯд қӯчқореро+ дидам, ки ду шох дошт.+ Ду шохи он дароз буд, вале як шохаш аз дигараш баландтар буд ва шохи баландтараш дертар баромад.+ 4 Ман дидам, ки қӯчқор сӯйи ғарб, шимол ва ҷануб шох мезанад ва ҳеҷ ҳайвони ваҳшӣ наметавонад пеши вай истодагӣ намояд ва ё касе нест, ки аз дасти вай халос кунад.+ Он ҳар чӣ мехост, мекард ва калонигарӣ менамуд.
5 Ман нигоҳ мекардам ва дидам, ки нарбузе+ аз тарафи ғарб* меояд ва тамоми рӯйи заминро тай карда, пояш ба замин намерасад. Дар миёни чашмони он нарбуз шохи намоёне буд.+ 6 Он сӯйи қӯчқоре меомад, ки ду шох дошту онро назди рӯд истода дидам. Он нарбуз бо шиддати хашм сӯйи қӯчқор медавид.
7 Ман медидам, ки он ба қӯчқор наздик мешавад ва пур аз хашму ғазаб аст. Он нарбуз қӯчқорро зарба зада, ду шохашро шикаст ва қӯчқор дигар қувват надошт бар зидди вай биистад. Вай қӯчқорро ба замин партофта, поймол намуд ва касе набуд, ки қӯчқорро аз дасташ халос кунад.
8 Сипас нарбуз бисёр калонигариву бодигӣ кард, вале, ҳамин ки пурзӯр шуд, шохи калонаш шикаст ва ба ҷойи он чор шохи намоён баромаданд, ки ба чор боди осмон нигаронида шуда буданд.+
9 Аз якеи он шохҳо шохи хурде баромад ва он хеле калон шуд. Он шох сӯйи ҷануб, шарқ* ва сӯйи Зеби замин+ нигаронида шуда буд. 10 Он чунон бузург шуд, ки то ба лашкари осмон расид ва як қисми лашкару ситорагонро ба замин афканда, онҳоро поймол намуд. 11 Он ҳатто калонигарӣ карда, худро аз Сарвари лашкар боло гирифт ва қурбонии доимӣ аз вай гирифта шуд ва макони муқаддасгоҳи вай сарнагун гардид.+ 12 Лашкар ҳамроҳи қурбонии доимӣ ба дасти он супурда шуд. Ин аз сабаби ҷиноят рӯй дод. Он шох ростиро ба замин меафканд, амал менамуд ва комёб мегашт.
13 Он вақт ман гап задани яке аз муқаддасонро шунидам ва муқаддаси дигаре ба оне, ки сухан меронд, гуфт: «Рӯъё дар бораи қурбонии доимӣ, ҷинояти харобиовар,+ поймол намудани ҷойи муқаддасу лашкар чӣ қадар давом меёбад?» 14 Ӯ ба ман гуфт: «То ба охир расидани 2300 шому саҳар. Пас аз ин ҷойи муқаддас ҳатман ба мақоми худ баргардонда мешавад».
15 Вақте ман, Дониёл, ҳанӯз рӯъёро медидам ва кӯшиш мекардам ба он сарфаҳм равам, ногоҳ дар пешам касе ба монанди одам намудор шуд. 16 Сипас аз миёни Улой+ овози одамеро шунидам, ки гуфт: «Эй Ҷабраил,+ ба ӯ чизи дидаашро бифаҳмон».+ 17 Пас, ӯ, ба ҷое ки ман истода будам, наздик шуд, лекин, вақте ӯ наздик омад, ман чунон ба тарсу ҳарос омадам, ки рӯй ба замин афтодам. Ӯ ба ман гуфт: «Эй фарзанди одам, бидон, ки ин рӯъё барои замони охир аст».+ 18 Лекин, ҳанӯз ӯ бо ман гап мезад ки, ман рӯй ба замин ниҳода, ба хоби сахте рафтам. Ӯ ба ман даст расонд ва маро, дар ҷое ки истода будам, ба по хезонд.+ 19 Сипас ӯ гуфт: «Инак, ман ба ту мефаҳмонам, ки дар охири давраи маҳкумсозӣ чӣ рӯй медиҳад, зеро ин рӯъё барои вақти муқарраршудаи охир аст.+
20 Қӯчқоре, ки ту дидӣ, яъне қӯчқоре, ки ду шох дошт, подшоҳони Модай ва Форс мебошад.+ 21 Нарбузи серпашм подшоҳи Юнон аст+ ва шохи калоне, ки миёни ду чашмаш буд, подшоҳи якуми он аст.+ 22 Он ки шох шикаста шуду ба ҷойи он чор шохи дигар баромад,+ маънои онро дорад, ки аз халқи ӯ чор ҳокимият бармехезад, вале қувваташон ба қуввати ӯ баробар намешавад.
23 Дар охири подшоҳии онҳо, вақте косаи бадкории ҷинояткорон пур шавад, подшоҳи бадҳайбате* бармехезад, ки суханони пардапӯшро мефаҳмад. 24 Ӯ пурзӯр мегардад, вале на ба сабаби қуввати худ. Ӯ ба таври аҷоибе харобӣ меорад ва дар корҳояш комёб мешавад. Ӯ пурқувватон ва мардуми муқаддасро ба ҳалокат мерасонад.+ 25 Ҳамчунин ӯ ҳилаву макрро кор фармуда, комёб мегардад ва дар дилаш худро болобардор мекунад ва дар вақти осоиштагӣ* бисёриҳоро ба ҳалокат мерасонад. Ӯ ҳатто зидди Мири мирон бармехезад, вале бе дасти одамӣ шикаст дода мешавад.
26 Он чӣ дар бораи шомҳову саҳарҳо гуфта шудааст, рост аст ва ту бояд ин рӯъёро пинҳон нигоҳ дорӣ, зеро он ба ояндаи дур дахл дорад».+
27 Аммо ман, Дониёл, хаставу беҳол шудам ва якчанд рӯз бемор будам.+ Баъд ман бархеста, бо корҳои подшоҳ машғул шудам,+ вале аз чизи дидаам ҳайрону пакар будам ва ҳеҷ кас ин рӯъёро фаҳмида наметавонист.+