2 Мӯсо
30 Барои сӯзондани бухур қурбонгоҳе бисоз.+ Онро аз чӯби дарахти ақоқиё бисоз.+ 2 Он бояд чоркунҷашакл бошад, дарозиву бараш як газ* ва баландияш ду газ бошад. Қурбонгоҳу шохҳояш бояд яклухт сохта шаванд.+ 3 Онро бо тиллои тоза бипӯшон: болояш, паҳлуҳояш ва шохҳояшро. Бар гирдогирди он ҳошияе аз тилло бисоз. 4 Ҳамчунин аз ду паҳлуи қурбонгоҳ, аз ҳошия поёнтар, ҳалқаҳои тиллоӣ — аз ҳар паҳлу дуҳалқагӣ, бисоз, то ходаҳоро бар онҳо дароварда, қурбонгоҳро бардошта шавад. 5 Ходаҳоро аз чӯби дарахти ақоқиё бисоз ва бо тилло бипӯшон. 6 Ин қурбонгоҳро дар пеши пардаи Макони поктарин, ки назди сандуқи шаҳодат аст,+ бигузор, назди сарпӯши сандуқи шаҳодате, ки аз он ҷо ба ту намудор мешавам.+
7 Ҳорун+ ҳар саҳар, вақте чароғҳоро+ ба тартиб меорад, бар он+ бухури хушбӯй+ сӯзонда, бар қурбонгоҳ дуд хоҳад кард. 8 Ҳамчунин вақти шом*, вақте Ҳорун чароғҳоро дармегиронад, ӯ бухур хоҳад сӯзонд. Шумо бояд аз насл ба насл ба ҳузури Яҳува бухур бисӯзонед. 9 Ҳеҷ гуна бухури ғайриқонунӣ,+ қурбонии сӯхтанӣ, ҳадияи ғалла бар он насӯзонед ва қурбонии рехтанӣ низ бар он нарезед. 10 Ҳорун бояд соле як маротиба хуни қурбонии гуноҳро бар шохҳои он бимолад, то онро аз гуноҳ пок созад.+ Инро бояд ҳар сол аз насл ба насл ба ҷо оред. Ин барои Яҳува як чизи хеле муқаддас аст».
11 Он гоҳ Яҳува ба Мӯсо гуфт: 12 «Ҳар гоҳе писарони Исроилро саршуморӣ кунӣ,+ ҳар кас бояд барои ҷони худ вақти саршуморӣ ба Яҳува товон диҳад. Онҳо вақти саршуморӣ бояд ин корро кунанд, то вақти шумурда шуданашон бар сарашон вабое* наояд. 13 Ҳамаи онҳое, ки саршуморӣ карда мешаванд, бояд ним сиқл* аз рӯйи сиқли намунавии ҷойи муқаддас+ бидиҳанд. Бист геро* ба як сиқл баробар аст. Ним сиқл ҳадияи Яҳува аст.+ 14 Ҳар каси 20-сола ё калонтаре, ки саршуморӣ шудааст, бояд ба Яҳува ҳадия диҳад.+ 15 Касе, ки бой аст, набояд аз ним сиқл зиёдтар ва касе, ки камбағал аст, набояд аз ин камтар диҳад. Ним сиқл ҳадияест, ки шумо барои товони ҷонҳоятон ба Яҳува бояд диҳед. 16 Ин товонпулиро* аз исроилиён бигир ва барои хизмати хаймаи ҷомеъ бидеҳ, то барои писарони Исроил ба ҳузури Яҳува ёдгорӣ шавад. Ин ҳадия товон аст барои ҷонҳоятон».
17 Яҳува боз ба Мӯсо гуфт: 18 «Тоси мисине барои шустушӯ ҳамроҳи пояаш бисоз.+ Онро байни хаймаи ҷомеъ ва қурбонгоҳ гузор ва ба он об бирез.+ 19 Ҳорун ва писаронаш бояд бо оби он дасту пои худро бишӯянд.+ 20 Вақте онҳо ба хаймаи ҷомеъ медароянд ва ё ба қурбонгоҳ барои ба ҷо овардани хизматашон ё барои ба Яҳува бар оташ қурбониҳо овардану дуд кардан наздик мешаванд, бояд бо об шустушӯ кунанд, то намиранд. 21 Онҳо бояд дасту пойи худро бишӯянд, то намиранд. Ин барои Ҳорун, писаронаш ва насли онҳо амри бардавом аст».+
22 Яҳува боз ба Мӯсо гуфт: 23 «Атриёти беҳтарине бигир: 500 сиқл мурри сахтшуда ва ду баробар аз он камтар, яъне 250 сиқл, дорчин, 250 сиқл найи хушбӯй, 24 500 сиқл сано, ки аз рӯйи сиқли намунавии ҷойи муқаддас+ баркашида шудааст, ва як ҳин* равғани зайтун. 25 Ҳамаи инҳоро ба таври бояду шояд омехта кун,+ то равғани муқаддаси тадҳин* ҳосил шавад.
26 Бо ин равған хаймаи ҷомеъ,+ сандуқи шаҳодат, 27 миз ва тамоми ашёи он, чароғпоя ва ашёи он, қурбонгоҳи бухурсӯзӣ, 28 қурбонгоҳи қурбонии сӯхтанӣ ва тамоми ашёи он, тоси шустушӯй ва пояи онро тадҳин намо. 29 Онҳоро барои хизмати ман ҷудо кун, то комилан муқаддас гарданд.+ Ҳар кӣ ба ин чизҳо бирасад, бояд поку муқаддас бошад.+ 30 Ҳоруну писаронашро бо он тадҳин намо+ ва онҳоро барои хизмати ман ҷудо кун, то коҳинони ман бошанд.+
31 Ба исроилиён чунин бигӯ: “Ин равғани муқаддасе, ки барои тадҳин аст, аз они ман мебошад. Онро аз насл ба насл истифода баред.+ 32 Онро бар тани ҳар одам нарезед ва чизе мисли таркиби он тайёр накунед. Ин як чизи муқаддас аст. Ин бояд барои шумо доимо муқаддас бошад. 33 Ҳар касе, ки монанди он равғане тайёр кунад ва ба шахси бегонае* бимолад, бояд аз миёни халқ решакан шавад”».+
34 Яҳува ба Мӯсо гуфт: «Ҳиссаҳои баробар аз нотоф*, шеҳелет*, ҳелбано* ва лодани тоза бигир.+ 35 Аз онҳо бухур бисоз+ ва онҳоро ба таври бояду шояд омехта кун. Бар он бухур бояд намак андохта шавад+ ва он бояд поку муқаддас бошад. 36 Як ҳиссаи онро кӯфта, талқон кун* ва каме аз онро назди сандуқи шаҳодат, дар хаймаи ҷомеъ, ки ман он ҷо ба шумо намудор мешавам, бимон. Ин бояд барои шумо як чизи хеле муқаддас бошад. 37 Ҳеҷ як бухуре ба мисли таркиби он барои истифодаи худ тайёр накунед.+ Бидонед, ки ин дар назари Яҳува чизи муқаддас аст. 38 Ҳар касе чизи ба он монанде барои худ тайёр кунад, то аз бӯяш лаззат барад, бояд аз байни халқ решакан шавад».