Ошкорсозӣ
5 Дар дасти рости Нишинандаи тахт+ дастхате дидам, ки аз дарун ва аз берунаш навиштаҷот дошт ва бо ҳафт муҳр баста шуда буд. 2 Ҳамчунин фариштаи пурзӯреро дидам, ки бо овози баланд нидо мекард: «Кӣ сазовори он аст, ки муҳрҳоро шикаста, дастхатро кушояд?» 3 Вале на дар осмон, на бар замин ва на дар таги замин касе набуд, ки дастхатро кушода, ба даруни он нигоҳ кунад. 4 Ман бисёр гиря кардам, зеро ҳеҷ каси сазоворе ёфт нашуд, то дастхатро кушояд ва ба даруни он нигоҳ кунад. 5 Вале яке аз пирон ба ман гуфт: «Гиря накун. Инак, Шер аз қабилаи Яҳудо,+ решаи+ Довуд,+ ғолиб омад,+ то ҳафт муҳрро шикаста, дастхатро кушояд».
6 Он гоҳ дидам, ки дар байни тахт ва чор ҷонзод ва дар миёни пирон+ баррае+ истодааст, ки кушта метофт.+ Ӯ ҳафт шох ва ҳафт чашм дошт ва ин чашмҳо рамзи ҳафт рӯҳи Худоянд,+ ки ба тамоми замин фиристода шудаанд. 7 Барра ҳамон лаҳза пеш омада, аз дасти рости Нишинандаи тахт дастхатро гирифт.+ 8 Вақте ӯ дастхатро гирифт, чор ҷонзод ва 24 пир+ дар пеши Барра зону заданд. Дар дасти ҳар як пир чанг* ва косаи тиллоии пур аз бухур буд, ки рамзи дуоҳои покон аст.+ 9 Онҳо суруди наве+ сароида мегуфтанд: «Ту сазовори он ҳастӣ, ки дастхатро гирифта, муҳрҳои онро кушоӣ, зеро ту кушта шудаӣ ва бо хуни худ барои Худо+ одамонро аз ҳар қабила, забон, халқ ва миллат харидаӣ.+ 10 Ту онҳоро подшоҳону+ коҳинони Худои мо+ гардонидаӣ ва онҳо чун подшоҳон бар замин ҳукмронӣ хоҳанд кард».+
11 Сипас ман дар гирди тахт ва ҷонзодҳову пирон фариштагони зиёдеро дидам ва овози онҳоро шунидам. Шумораи онҳо даҳҳо ҳазор карат даҳ ҳазор* ва ҳазорон ҳазор буд.+ 12 Онҳо бо овози баланд мегуфтанд: «Барраи кушташуда+ сазовори он аст, ки қудрат, сарват, хирад, қувват, иззат, ҷалол ва баракат ёбад».+
13 Ман шунидам, ки ҳар офаридае, ки дар осмон, замин, таги замин+ ва дар баҳр аст — ҳар он чӣ дар онҳост, мегуфт: «Нишинандаи тахт+ ва Барраро+ то абад ситоиш, иззат,+ ҷалол ва тавоноӣ бод!»+ 14 Чор ҷонзод мегуфтанд: «Омин!», ва пирон зону зада, ба Худо саҷда карданд.