3 Мӯсо
26 Барои худ ҳеҷ гуна бутҳои бекора,+ сурате+ ва сутуне насозед ва дар замини худ ҳайкалҳо+ барои парастиш нагузоред,+ зеро ман Яҳува, Худои шумо, ҳастам. 2 Шанбеҳои маро риоя кунед ва нисбати муқаддасгоҳи ман эҳтироми беандоза дошта бошед*. Ман Яҳува ҳастам.
3 Агар шумо фармудаву амрҳои маро риоя кунед ва онҳоро ба ҷо оред,+ 4 ман ба шумо боронро дар мавсимаш медиҳам,+ то замин ҳосил ва дарахтони саҳро мева диҳанд.+ 5 Он гоҳ хирманкӯбии шумо то ғунучини ангур давом мекунад, ангурчиниатон бошад, то мавсими киштукор. Шумо ба серӣ нон мехӯред ва дар замини худ оромона зиндагӣ мекунед.+ 6 Ман ба ин замин сулҳу осоиштагӣ медиҳам+ ва шумо бе ягон тарс ва хавотирие хоб меравед;+ ман ҳайвонҳои хунхорро аз назди шумо пеш мекунам ва шамшер аз заминатон гузар намекунад. 7 Шумо аз паси душманони худ сур мекунед ва онҳо пеши шумо аз шамшер фурӯ меғалтанд. 8 Панҷ нафари шумо 100 нафарро сур мекунад, 100 нафари шумо бошад, 10 000 нафарро ва душманонатон пеши шумо аз шамшер фурӯ меғалтанд.+
9 Ман шуморо баракат медиҳам ва серфарзанду сершумор мегардонам+ ва аҳдеро, ки бо шумо бастаам, ба ҷо меорам.+ 10 Ҳанӯз ҳосили куҳна, ҳосили соли гузаштаро, тамом накарда, ба шумо лозим меояд, ки ҳосили куҳнаро холӣ кунед, то барои ҳосили нав ҷой тайёр кунед. 11 Ман дар миёни шумо хайма мезанам+ ва аз шумо рӯй намегардонам. 12 Ман дар миёни шумо мегардам ва Худои шумо мешавам+ ва шумо халқи ман мегардед.+ 13 Ман Яҳува, Худои шумо, ҳастам, ки шуморо аз замини Миср берун овардам, то дигар ғуломи онҳо набошед. Ман юғи* шуморо шикастам ва тавре кардам, ки шумо бо сари баланд роҳ равед.
14 Вале, агар шумо ба сухани ман гӯш надиҳед, тамоми ин амрҳоро риоя накунед,+ 15 аз қонунҳои ман рӯ гардонед,+ аз ҳукмҳои ман нафрат кунед, агар амрҳои маро риоя накунеду аҳди маро шиканед,+ 16 ман бо шумо чунин мекунам: бар шумо балоҳо, яъне сил ва табларзаро, мефиристам ва чашмони шумо хираву худатон нимҷон мешавед. Он гоҳ тухмии худро беҳуда хоҳед корид, чунки онро душманонатон хоҳанд хӯрд.+ 17 Ман зидди шумо мебароям ва душманонатон бар шумо дастболо шуда,+ бадхоҳонатон шуморо поймол мекунанд+ ва шумо рӯ ба гурез меоред, бе он ки касе аз пуштатон сур кунад.+
18 Вале, агар баъди ин ҳам ба ман гӯш надиҳед, ҷазои шуморо барои гуноҳҳоятон ҳафтчандон зиёд мегардонам. 19 Ғуруру ҳавобаландиятонро ба хок яксон мекунам, осмонатонро мисли оҳан+ ва заминатонро монанди мис мегардонам. 20 Зӯри беҳуда зада, худро беҳол мекунед, лекин заминатон ҳосилашро намедиҳад+ ва дарахтони замин мева намеоранд.
21 Агар бо вуҷуди ин бар зидди ман рафтор кардан гиред ва ба ман гӯш надиҳед, ман шуморо мувофиқи гуноҳҳоятон ҳафтчандон зиёд зарба мезанам. 22 Ман бар шумо ҳайвонҳои ваҳшии саҳроро мефиристам,+ то фарзандони шуморо нобуд созанд+ ва чорпоёни шуморо нест кунанд ва шуморо камшумор намоянд ва дар роҳҳои шумо роҳгузаре боқӣ намонад.+
23 Агар баъди ин ҳам ислоҳи маро қабул накунед+ ва якравона бар зидди ман рафтор кардан гиред, 24 ман низ зидди шумо мебароям ва шуморо барои гуноҳҳоятон ҳафт бор зарба мезанам. 25 Ман бар саратон шамшер меорам, то барои аҳдшиканиятон+ аз шумо қасос бигирам. Агар дар шаҳрҳо ҷамъ шавед, ман бемориро ба миёни шумо мефиристам+ ва шумо ба дасти душман супурда мешавед.+ 26 Вақте захираи нони* шуморо нест кунам,+ даҳ зан гирди як танӯр ҷамъ шуда, нон хоҳанд пухт ва нонатонро ба шумо бо тарозу баркашида хоҳанд дод.+ Он вақт шумо хӯрда, сер намешавед.+
27 Ҳатто агар баъди ҳамаи ин шумо ба ман гӯш надиҳед ва зидди ман рафтор кардан гиред, 28 ман ба шумо зиддияти шадид нишон медиҳам+ ва худам шуморо барои гуноҳҳоятон ҳафт бор ҷазо медиҳам. 29 Он гоҳ шумо гӯшти бадани писарон ва духтарони худро хоҳед хӯрд.+ 30 Ман баландиҳои шуморо хароб мекунам+ ва қурбонгоҳҳои бухурсӯзии шуморо шикаста мепартоям ва ҷасадҳои шуморо ба болои ҷасадҳои бутҳои ҳароматон* мепартоям+ ва ҷонам аз шумо безор хоҳад шуд.+ 31 Шаҳрҳои шуморо ба шамшер месупорам+ ва муқаддасгоҳҳои шуморо харобазор месозам ва дигар қурбониҳои хушбӯятонро* намебӯям. 32 Ман худам замини шуморо харобазор мегардонам,+ ба тавре ки душманонатон, ки дар он сокин мегарданд, ҳоли онро дида ҳайрон мешаванд.+ 33 Ман шуморо дар миёни халқҳо пароканда месозам+ ва шамшерро аз ғилоф кашида, онро аз пайи шумо мефиристам+ ва замини шумо харобазор мешаваду+ шаҳрҳоятон валангор.
34 Он вақт замин тамоми муддати харобазор буданаш, вақте шумо дар замини душманонатон мешавед, қарзҳои шанбеяшро медиҳад. Он вақт замин ором мегирад ва қарзи шанбеҳояшро медиҳад.+ 35 Тамоми он рӯзҳои харобазор буданаш замин ором мегирад, зеро вақте шумо дар он зиндагӣ мекардед, ҳангоми шанбеҳоятон онро ором намегузоштед.
36 Аммо касонеро, ки зинда монанд,+ дар замини душманонашон дилҳояшонро суст мегардонам ва онҳо, мисли он ки аз шамшер бошад, аз садои ларзидани барге рӯ ба гурез меоранд, ва, бе он ки касе аз паяшон давад, меафтанд.+ 37 Онҳо мисли касоне, ки аз шамшер мегурезанд, ба якдигар пешпо хӯрда, меафтанд, ҳарчанд касе аз паяшон сур намекунад. Шумо ба душманони худ муқобилат карда натавониста,+ 38 дар миёни халқҳо нобуд мешавед+ ва замини душманонатон шуморо фурӯ мебарад. 39 Бақияи шумо аз сабаби гуноҳатон дар замини душманонатон пӯсида мемурад.+ Бале, онҳо аз сабаби гуноҳҳои падаронашон пӯсида мемуранд.+ 40 Он гоҳ онҳо гуноҳи худ ва гуноҳу хиёнати падаронашонро ба гардан гирифта, қоил мешаванд,+ ки бар зидди ман рафтор намудаанд ва ба ман хиёнат кардаанд,+ 41 ба тавре ки ман бар зидди онҳо баромадам+ ва онҳоро ба замини душманонашон овардам.+
Шояд, он вақт дили якрави* онҳо хоксор шавад+ ва онҳо музди гуноҳашонро гиранд. 42 Он гоҳ ман аҳди худро бо Яъқуб,+ аҳди худро бо Исҳоқ+ ва аҳди худро бо Иброҳим+ ба хотир меорам. Он гоҳ ман заминро ба хотир меорам. 43 Вақте ки замини онҳо беодаму харобазор гардад, он қарзҳои шанбеи худро бармегардонад.+ Онҳо бошанд, музди гуноҳи худро мегиранд, зеро аз ҳукмҳои ман рӯ гардонданд ва аз фармудаҳои ман нафрат карданд.+ 44 Бо вуҷуди ҳамаи ин он муддате, ки онҳо дар замини душманонашон мешаванд, ман аз онҳо пурра рӯ намегардонам+ ва ба дараҷае нафрат намекунам, ки онҳоро пурра нест кунам, то аҳди худро бо онҳо вайрон насозам,+ зеро ман Яҳува Худои онҳо ҳастам. 45 Ба хотири онҳо ман аҳдеро, ки бо гузаштагонашон бастаам, ба ёд меорам.+ Охир, ман гузаштагони онҳоро дар пеши назари халқҳо аз замини Миср берун овардам,+ то Худои онҳо гардам. Ман Яҳува ҳастам”».
46 Ин аст дастурҳо, ҳукмҳо ва қонунҳое, ки Яҳува дар кӯҳи Сино ба воситаи Мӯсо ба исроилиён дод.+