3 Подшоҳон
4 Шоҳ Сулаймон бар тамоми Исроил подшоҳӣ мекард.+ 2 Инҳоянд касоне, ки дар дарбори ӯ мақоми баланд доштанд*: Азарёи писари Содӯқ+ коҳин буд, 3 Элиҳӯреф ва Аҳиёи писарони Шишо — котиб,+ Еҳушофоти+ писари Аҳилуд — таърихнавис, 4 Баноёи+ писари Еҳуёдоъ — сарлашкар, Содӯқ ва Абётор+ — коҳин, 5 Азарёи писари Нотон+ — нозири амалдорон, Зобуди писари Нотон — коҳин ва дӯсти подшоҳ,+ 6 Аҳишор — нозири хона ва Адӯнироми+ писари Абдо сардори касоне буд, ки меҳнати маҷбуриро ба ҷо меоварданд.+
7 Сулаймон бар тамоми Исроил 12 амалдорро гузошт, ки подшоҳ ва хонаводаашро бо хӯрокворӣ таъмин мекарданд. Ҳар яки онҳо бояд соле як моҳ хӯрокворӣ меовард.+ 8 Ин аст номҳои онҳо: писари Ҳур дар кӯҳистони Эфроим амалдор буд, 9 писари Доқар — дар Моқас, Шаалбим,+ Байт-Шемеш ва Эйлӯни Байт-Ҳонон, 10 писари Ҳосад — дар Аруббӯт (ӯ бар Сукӯҳ ва тамоми замини Ҳефар гузошта шуда буд) ва 11 писари Абинодоб — дар тамоми талу теппаҳои Дӯр (вай Тофати духтари Сулаймонро ба занӣ гирифта буд). 12 Баанои писари Аҳилуд дар Таънок, Маҷиддӯ+ ва тамоми Байт-Шеон,+ ки дар наздикии Сортон ва поёнтари Изреъил, аст, аз Байт-Шеон то Обил-Маҳӯло, то минтақаи Ёқемъом,+ амалдор буд ва 13 писари Ҷобар — дар Ромӯт-Ҷилъод+ (ӯ бар деҳоти хайманишини Ёири+ писари Менашше, ки дар Ҷилъоданд,+ ҳамчунин бар минтақаи Арҷуб,+ ки дар Бошон+ аст, гузошта шуда буд. Ин замин 60 шаҳри калони ҳисордоре дошт, ки ғалақаҳои мисин доштанд). 14 Аҳинодоби писари Иддӯ дар Маҳаноим,+ 15 Аҳимаас дар Нафтолӣ (ӯ Босмат ном духтари дигари Сулаймонро ба занӣ гирифта буд), 16 Баанои писари Ҳушой дар Ошер ва Баалӯт, 17 Еҳушофоти писари Форуаҳ дар Иссокор, 18 Шимъии+ писари Эло дар Бинёмин+ ва 19 Ҷобари писари Урӣ дар сарзамини Ҷилъод,+ дар замини Сиҳӯни+ подшоҳи амӯриён ва Ӯҷи+ подшоҳи Бошон, амалдор буд. Бар ҳамаи ин амалдорони замин як амалдор гузошта шуда буд.
20 Яҳудо ва Исроил мисли реги баҳр сершумор буданд+ ва онҳо мехӯрданду менӯшиданд ва хурсандӣ мекарданд.+
21 Сулаймон аз дарёи бузург*+ сар карда то сарзамини фалиштиён ва сарҳади Миср бар тамоми мамлакатҳо подшоҳӣ мекард. Онҳо тамоми рӯзҳои Сулаймон ба вай хироҷ медоданд ва хизматашро ба ҷо меоварданд.+
22 Хӯрокворие, ки ҳар рӯз ба Сулаймон меоварданд, 30 халта* орди маҳин ва 60 халта орди одӣ, 23 10 гови парворӣ, 20 гови чарогоҳ, 100 гӯсфанд, инчунин гавазнҳо, ғизолҳо, оҳувон ва фохтаҳои* фарбеҳ буд. 24 Тамоми замини ин тарафи дарёи бузург*,+ аз Тифсаҳ то Ғазза,+ ва ҳамаи подшоҳони ин тарафи дарёи бузург зери дасти Сулаймон буданд. Дар тамоми минтақаҳои ӯ ва гирдогирди қаламраваш сулҳу осоиштагӣ ҳукмфармо буд.+ 25 Яҳудо ва Исроил, аз Дон то Баир-Шобаъ, тамоми рӯзҳои Сулаймон тинҷу ором, ҳар яке зери токи худ ва зери анҷири худ, мезист.
26 Сулаймон барои аспҳои аробаҳояш 4000* аспхона сохта буд ва 12 000 асп* дошт.+
27 Он амалдорон шоҳ Сулаймон ва касонеро, ки аз дастархони ӯ нон мехӯрданд, бо хӯрокворӣ таъмин мекарданд. Ҳар як амалдор дар моҳи худ хӯрокворӣ меовард ва назорат мекард, ки чизе камӣ накунад.+ 28 Ғайр аз ин, онҳо, ҳар яке мувофиқи уҳдадории худ, барои аспҳо, аз он ҷумла барои аспҳои аробаҳо, ҳар қадаре лозим буд, ҷаву коҳ меоварданд.
29 Худо ба Сулаймон фаҳму хиради беандоза ва дили пур аз ҳикмате чун реги лаби баҳр ато карда буд.+ 30 Хиради Сулаймон аз хиради тамоми мардуми Шарқ ва тамоми хиради Миср+ бештар буд. 31 Ӯ аз ҳамаи одамон, аз Эйтони+ эзроҳӣ ва аз Ҳеймон,+ Калкул+ ва Дардаи писарони Моҳӯл хирадмандтар буд ва шуҳрати вай дар миёни тамоми халқҳои гирду атроф овоза шуда буд.+ 32 Ӯ 3000 зарбулмасал+ гуфта буд ва сурудҳояш+ 1005-то буданд. 33 Ӯ дар бораи дарахтон, аз сидраи Лубнон то кокутие,+ ки бар девор қад мекашад, сухан ронда буд, ӯ дар бораи ҳайвонҳо,+ парандаҳо*,+ хазандаҳо*+ ва моҳиҳо сухан ронда буд. 34 Одамон аз ҳамаи халқҳо, аз он ҷумла подшоҳони мамлакатҳои рӯйи замин, ки ба гӯшашон овозаи хиради Сулаймон расида буд, барои шунидани хиради ӯ меомаданд.+