Ибриён
7 Ҳамин Малкисодақ, подшоҳи Салим ва коҳини Худои Таоло, Иброҳимро, ки пас аз торумор кардани подшоҳон бармегашт, пешвоз гирифту дуои нек кард*+ 2 ва Иброҳим аз тамоми чизу чорааш ба ӯ даҳяк дод. Маънои номи ӯ «подшоҳи росткорӣ» аст ва ӯ ҳамчунин подшоҳи Салим, яъне «подшоҳи осоиштагӣ», мебошад. 3 Ӯ, ки падару модар, аслу насаб ва аввалу охири ҳаёташ маълум нест, ба Писари Худо* монанд гашт ва абадан коҳин мемонад.+
4 Бубинед, ки чӣ бузург буд он марде, ки Иброҳим, сарвари хонавода, ба ӯ аз беҳтарин ғанимати худ даҳяк дод.+ 5 Бале, мувофиқи Шариат он писарони Левӣ,+ ки коҳин таъйин мешаванд, амре доранд, ки аз халқ, яъне аз бародарони худ, даҳяк ҷамъ оранд,+ гарчанд онҳо низ насли Иброҳиманд. 6 Аммо ин шахс, ки аз авлоди Левӣ нест, аз Иброҳим даҳяк гирифт ва соҳиби ваъдаҳоро баракат дод.+ 7 Шубҳае нест, ки хурдро бузург баракат медиҳад. 8 Левизодагон, ки даҳяк мегиранд, мирандаанд, вале дар бораи шахсе, ки даҳяк гирифт, шаҳодат дода шудааст, ки ӯ зинда аст.+ 9 Гуфтан мумкин аст, ки ҳатто худи Левӣ, ки даҳяк мегирад, ба воситаи Иброҳим даҳяк дод, 10 зеро ӯ, вақте ки Малкисодақ ба пешвози Иброҳим баромад,+ ҳанӯз чун насли Иброҳим таваллуд нашуда буд.
11 Агар комилият ба воситаи хизмати коҳинони левизода ба даст оварда мешуд+ (ин хизмат як хусусияти Шариат буд, ки ба халқ дода шуд), пас, чӣ ҳоҷат буд, ки коҳини дигаре ба миён ояд, ки мисли Малкисодақ+ аст, на мисли Ҳорун? 12 Агар коҳинон дигар шаванд, пас, зарур аст, ки Шариат низ дигар шавад.+ 13 Охир, марде, ки дар борааш ин суханон гуфта шудаанд, аз қабилаи дигарест ва ҳеҷ кас аз он қабила назди қурбонгоҳ хизмат накардааст.+ 14 Маълум аст, ки Ҳазрати мо аз насли Яҳудост,+ ҳол он ки Мӯсо нагуфтааст, ки коҳинон аз ин қабила меоянд.
15 Ин боз ҳам равшантар мегардад, вақте коҳини дигаре+ мисли Малкисодақ+ ба миён меояд. 16 Ӯ на аз рӯйи талаби қонун, ки ба аслу насаб вобаста аст, балки бо қувваи ҳаёти нобуднашаванда+ коҳин гашт, 17 зеро дар борааш шаҳодат дода шудааст: «Ту то абад коҳин ҳастӣ, коҳине ба мисли Малкисодақ».+
18 Пас, амрҳои пешина бекор мегарданд, зеро онҳо қувва надоранду фоидае намеоранд.+ 19 Охир, Шариат ҳеҷ чизро комил накард,+ вале умеди беҳтаре,+ ки ба ҷояш омад, ин корро карда тавонист ва мо ба воситаи он ба Худо наздик мешавем.+ 20 Ҳамчунин Исо бе қасам коҳин нагаштааст. 21 (Агар дигарон бе қасам коҳин шуда бошанд, ин шахс ба воситаи қасами Худо коҳин шудааст, ки чунин буд: «Яҳува қасам хӯрдааст ва аз қасамаш намегардад*: “Ту то абад коҳин ҳастӣ”».)+ 22 Аз ин рӯ Исо кафолати* аҳди беҳтаре гашт.+ 23 Коҳинон бисёр буданд ва яке ҷойи дигареро мегирифт,+ чунки марг ба давом додани хизматашон монеъ мешуд, 24 вале ӯ то абад зинда мемонад+ ва ҳеҷ кас ба ҷойи вай коҳин намешавад. 25 Бинобар ин ӯ метавонад онҳоеро, ки ба воситааш ба Худо наздик мешаванд, пурра наҷот диҳад, зеро ӯ ҳамеша зинда аст, то барояшон зориву илтиҷо кунад.+
26 Ба мо маҳз чунин саркоҳин лозим аст, ки бовафо, бегуноҳ, покдил,+ аз гунаҳкорон ҷудо ва аз осмонҳо болотар бошад.+ 27 Ӯ эҳтиёҷ надорад, ки монанди дигар саркоҳинон ҳар рӯз қурбониҳо орад,+ аввал барои гуноҳҳои худ ва баъд барои гуноҳҳои халқ,+ зеро ӯ худро як бор ва барои ҳамеша қурбон кардааст.+ 28 Охир, Шариат касонеро саркоҳин таъйин мекунад, ки сустиҳо доранд,+ аммо қасаме,+ ки пас аз Шариат гуфта шуд, писареро таъйин кард, ки абадан комил гаштааст.+