Ирмиё
36 Дар соли чоруми ҳукмронии Еҳуёқими+ писари Юшиё, подшоҳи Яҳудо, аз ҷониби Яҳува ба Ирмиё чунин паём омад: 2 «Лӯлаи қоғазеро бигир ва дар он ҳамаи суханонеро бинавис, ки ман аз рӯзи аввали бо ту сухан гуфтанам, аз рӯзҳои Юшиё, то ба имрӯз+ бар зидди Исроил, Яҳудо+ ва ҳама халқҳо+ гуфтаам. 3 Шояд, хонадони Яҳудо дар бораи тамоми бадбахтиҳое, ки ман ба сарашон оварданиям, шунида, аз роҳҳои бадашон гарданд ва ман айбу гуноҳашонро бахшам».+
4 Сипас Ирмиё Борухи+ писари Нериёро даъват карду ҳар он чиро, ки аз Яҳува шунида буд, ба Борух гуфт ва ӯ дар лӯлаи қоғазе навишт.+ 5 Ирмиё ба Борух гуфт: «Маро ба хонаи Яҳува даромадан намемонанд. 6 Аз ин рӯ ту рафта, суханони Яҳуваро, ки аз даҳони ман навиштӣ, аз ин дастхат бихон. Онро дар рӯзи рӯзадорӣ ба мардуме, ки дар хонаи Яҳуваанд, ва ба тамоми мардуми Яҳудо, ки аз шаҳрҳояшон омадаанд, бихон. 7 Шояд, зорияшон ба гӯши Яҳува расад ва ҳар яки онҳо аз роҳи бадашон гарданд, зеро, чи тавре ки Яҳува гуфтааст, хашму ғазаби ӯ бар зидди ин халқ бузург аст».
8 Борухи писари Нериё ҳар он чиро, ки пайғамбар Ирмиё фармуда буд, ба ҷо овард. Ӯ суханони Яҳуваро бо овози баланд дар хонаи Яҳува хонд.+
9 Дар соли панҷуми ҳукмронии Еҳуёқими+ писари Юшиё, подшоҳи Яҳудо, дар моҳи нуҳум, тамоми мардуми Ерусалим ва тамоми мардуме, ки аз шаҳрҳои Яҳудо ба Ерусалим омада буданд, дар ҳузури Яҳува рӯзадорӣ эълон карданд.+ 10 Сипас Борух дар хонаи Яҳува, дар ҳуҷраи* Ҷамарёи+ писари Шофони+ котиб, дар саҳни боло, дар даромадгоҳи дарвозаи нави хонаи Яҳува,+ бо овози баланд аз дастхат суханони Ирмиёро ба тамоми мардум хонд.
11 Вақте Микойҳуи писари Ҷамарёи писари Шофон тамоми суханони Яҳуваро, ки аз дастхат хонда шуд, шунид, 12 ба қасри подшоҳ, ба ҳуҷраи котиб, рафт. Дар он ҷо тамоми мирон* — Элишомаи+ котиб, Далоёи писари Шамаъёҳу, Элнотони+ писари Акбӯр,+ Ҷамарёи писари Шофон, Сидқиёҳуи писари Ҳананё ва ҳама мирони дигар, нишаста буданд. 13 Микойҳу тамоми суханонеро, ки аз даҳони Борух шунид, ба онҳо гуфт, яъне суханони дастхатро, ки ба халқ хонда шуд.
14 Он гоҳ тамоми мирон Яҳудии писари Натанё, писари Шаламёҳу, писари Куширо, назди Борух фиристоданд, то бигӯяд: «Дастхатеро, ки аз он ба мардум хонда будӣ, гирифта, биё». Борухи писари Нериё дастхатро дар даст гирифту назди онҳо рафт. 15 Онҳо ба ӯ гуфтанд: «Хоҳиш мекунем, бишин ва бо овози баланд онро бихон», ва Борух онро барояшон хонд.
16 Вақте онҳо тамоми он суханонро шуниданд, бо даҳшат ба якдигар нигаристанд ва ба Борух гуфтанд: «Мо тамоми ин суханонро албатта ба подшоҳ мерасонем». 17 Онҳо аз Борух пурсиданд: «Хоҳиш мекунем, ба мо бигӯ, ки тамоми ин суханонро чӣ тавр навиштӣ. Оё ин суханонро ту аз даҳони ӯ навиштӣ?» 18 Борух ба онҳо ҷавоб дод: «Ҳа, тамоми ин суханонро ӯ ба ман гуфт ва ман онҳоро бо сиёҳӣ дар қоғаз навиштам». 19 Мирон ба Борух гуфтанд: «Рафта, ҳамроҳи Ирмиё пинҳон шав, то касе надонад, ки шумо дар куҷоед».+
20 Сипас онҳо сӯйи подшоҳ равон шуда, ба саҳн даромаданд ва дастхатро дар ҳуҷраи Элишомаи котиб гузоштанду ҳама чизи шунидаашонро ба подшоҳ нақл карданд.
21 Подшоҳ Яҳудиро+ барои дастхат фиристод ва ӯ аз ҳуҷраи Элишомаи котиб онро овард. Яҳудӣ дастхатро ба подшоҳ ва тамоми мироне, ки дар пеши ӯ истода буданд, хонд. 22 Моҳи нуҳум* буду подшоҳ дар хонаи зимистонааш нишаста буд ва назди ӯ оташи оташдон месӯхт. 23 Вақте Яҳудӣ хониши се-чор сутунро тамом мекард, подшоҳ он порчаҳоро бо кордчаи котибӣ бурида, ба оташдон мепартофт, то даме тамоми дастхат дар оташдон сӯзонда шуд. 24 На подшоҳ тарсид ва на ҳеҷ яке аз хизматгоронаш, ки тамоми ин суханонро шунида буданд. Ҳеҷ яки онҳо либоси худро чок назад. 25 Ҳарчанд Элнотон,+ Далоё+ ва Ҷамарё+ аз подшоҳ илтиҷо карданд, ки дастхатро насӯзонад, ӯ ба онҳо гӯш надод. 26 Подшоҳ ба Ераҳмеили шоҳзода, Сароёи писари Азриил ва Шаламёҳуи писари Абдаил фармуд, ки Борухи котиб ва Ирмиёи пайғамбарро дастгир кунанд, вале Яҳува онҳоро пинҳон дошт.+
27 Баъди он ки подшоҳ дастхатро бо суханоне, ки Борух аз даҳони Ирмиё навишта буд, сӯзонд, аз ҷониби Яҳува ба Ирмиё боз паём фиристода шуд:+ 28 «Қоғази дигаре бигир ва тамоми суханонеро, ки дар дастхати аввал буд, дастхате, ки Еҳуёқими подшоҳи Яҳудо сӯзонд,+ дар он бинавис. 29 Ба Еҳуёқим, подшоҳи Яҳудо, бигӯ: “Яҳува чунин мегӯяд: “Ту ин дастхатро сӯзонда, гуфтӣ: “Чаро ту ин тавр навиштӣ: “Подшоҳи Бобил ҳатман омада, ин заминро нест мекунад ва онро аз одамону ҷонварон тоза месозад”?”+ 30 Аз ин рӯ Яҳува дар ҳаққи Еҳуёқими подшоҳи Яҳудо чунин мегӯяд: “Ӯро касе нахоҳад буд, ки бар тахти Довуд нишинад,+ ва ҷасади ӯ рӯзона гирифтори гармо ва шабона гирифтори сармо хоҳад шуд.+ 31 Ман ӯву наслаш ва хизматгоронашро барои гуноҳҳояшон ҷазо медиҳам. Ман бар сари онҳо, бар сари сокинони Ерусалим ва мардуми Яҳудо тамоми бадбахтиҳоеро, ки гуфта будам, хоҳам овард,+ зеро онҳо ба гапам гӯш надоданд”».+
32 Ирмиё қоғази дигареро гирифта, ба Борухи писари Нериёи котиб дод+ ва ӯ аз даҳони Ирмиё тамоми суханони дастхатро, ки Еҳуёқими подшоҳи Яҳудо дар оташ сӯзонда буд,+ навишт. Боз суханони зиёди монанде ба он илова карда шуд.