5 Мӯсо
21 Агар дар замине, ки Худоят Яҳува ба ту мерос медиҳад, дар саҳро, мурдае ёфт шавад ва маълум набошад, ки ӯро кӣ куштааст, 2 он гоҳ пирон ва доварони ту+ бираванд ва масофаи байни ҷасад ва шаҳрҳои гирду атрофро чен кунанд. 3 Сипас пироне, ки аз шаҳри наздиктаринанд, ғуноҷинеро* бигиранд, ки ҳанӯз кор нафармудаанду ба гарданаш ҳеҷ гоҳ юғ* нагузоштаанд, 4 ва пирони он шаҳр бояд ғуноҷинро ба водие, ки дар он об ҷористу дар он киштукор намекунанд, оваранд ва дар он водӣ гардани ғуноҷинро шикананд.+
5 Сипас коҳинон, писарони Левӣ, наздик омада, номи Яҳуваро ба забон оварда дуои нек кунанд,+ зеро Худоят Яҳува онҳоро интихоб кардааст, то ба ӯ хизмат кунанд.+ Онҳо мефаҳмонанд, ки чӣ тавр ҳар гуна нофаҳмии бо зӯроварӣ алоқамандро ҳал кардан лозим аст.+ 6 Сипас ҳама пирони он шаҳре, ки ба ҷасади мурда наздиктар аст, дастҳои худро бар ғуноҷине, ки дар водӣ гарданашро шикастаанд, бишӯянд+ 7 ва бигӯянд: “Дастҳои мо ин хунро нарехтаанд ва чашмонамон ин хунрезиро надидаанд. 8 Эй Яҳува, ин гуноҳро бар гардани халқи худ Исроил, ки онро бозхарид кардаӣ,+ бор накун ва нагузор, ки гуноҳи хуни ноҳақрехта дар миёни халқи ту, Исроил, бимонад”.+ Агар чунин кунӣ, хуни он шахс бар гардани мардум нахоҳад буд. 9 Бо ин роҳ ту гуноҳи хуни ноҳақрехтаро аз миёни худ дур месозӣ, зеро он чиро, ки дар назари Яҳува дуруст аст, ба ҷо меорӣ.
10 Агар ту барои ҷанг кардан бо душманонат биравӣ ва Худоят Яҳува онҳоро ба дасти ту супорад ва ту онҳоро асир кунӣ,+ 11 ва дар миёни асирон зани хушрӯеро бубинӣ, ки ба ту маъқул шавад ва ӯро ба занӣ гирифтанӣ шавӣ, 12 ту метавонӣ ӯро ба хонаи худ биёрӣ. Ӯ бояд сари худро тарошад, нохунҳояшро бигирад, 13 либоси асирияшро кашад ва дар хонаи ту зиндагӣ кунад. Бигзор ӯ барои падар ва модараш як моҳи дароз мотам гирад+ ва сипас ту метавонӣ бо вай ҳамхоб шавӣ. Он гоҳ ту шавҳари вай ва ӯ зани ту мешавад. 14 Вале, агар вай дигар ба ту хуш наояд, ӯро, ба куҷое ки дилаш хоҳад, сар деҳ,+ аммо ҳаргиз ӯро нафурӯш ва бо ӯ бераҳмона рафтор накун, зеро ту ӯро аз номусаш маҳрум кардӣ.
15 Чунин шуданаш мумкин аст, ки марде ду зан дошта бошад ва якеро аз дигаре бештар дӯст дорад ва ҳар ду писар таваллуд кунанд. Агар писари зане, ки дӯстдошта нест, нахустзода* бошад,+ 16 дар рӯзе ки он мард ба писаронаш мерос медиҳад, набояд писари зани дӯстдоштаашро нахустзода гардонад ва ба писари зане, ки дӯстдошта нест, беадолатӣ кунад. 17 Ӯ бояд нахустзодагии писари занеро, ки дӯстдошта нест, эътироф кунад ва аз ҳар чӣ дорад, ба вай ҳиссаи дучанд диҳад, зеро ӯ саршавии насл ва навбари қуввати ӯст. Ҳуқуқи нахустзодагӣ аз они ӯст.+
18 Агар касе писари якраву саркаш дошта бошад ва ӯ падару модари худро гӯш накунад+ ва онҳо ӯро ислоҳ карданӣ шаванду ӯ гардан нафарорад,+ 19 он гоҳ падару модараш ӯро гирифта, назди дарвозаи шаҳр, пеши пирон баранд 20 ва ба пирони шаҳр бигӯянд: “Писари мо якраву саркаш аст ва ба гапи мо гӯш намедиҳад. Вай пурхӯру майпараст аст”.+ 21 Сипас тамоми мардуми шаҳр бояд ӯро то мурданаш сангсор кунанд. Ҳамин тавр ту бадиро аз миёни худ дур месозӣ ва тамоми Исроил инро шунида, метарсад.+
22 Агар касе гуноҳи сазовори қатл кунад ва кушта шавад+ ва ту ӯро ба доре* биовезӣ,+ 23 пас ҷасади ӯ набояд тамоми шаб дар дор бимонад.+ Ӯро худи ҳамон рӯз гӯр кун, чунки шахсе, ки дар дор овезон аст, ба лаънати Худо гирифтор аст.+ Замини худро, ки Худоят Яҳува ба ту мерос медиҳад, нопок нагардон.+