Наҳемё
8 Сипас тамоми мардум якдилона дар майдони рӯ ба рӯйи дарвозаи Об+ ҷамъ шуданд ва ба Эзрои+ нусхабардор гуфтанд, ки китоби Тавроти* Мӯсоро,+ ки Яҳува ба Исроил дода буд,+ биёрад. 2 Эзрои коҳин дар рӯзи якуми моҳи ҳафтум+ китоби Тавротро ба назди ҷамоати мардон, занон ва ҳамаи онҳое, ки гӯш карда фаҳмида метавонистанд, овард.+ 3 Ӯ онро дар майдони рӯ ба рӯйи дарвозаи Об ба мардон, занон ва ҳамаи онҳое, ки фаҳмида метавонистанд, аз субҳидам то нисфи рӯз қироат намуд+ ва мардум китоби Тавротро бодиққат гӯш карданд.+ 4 Эзрои нусхабардор бар минбари чӯбине, ки барои ин ҷамъомад сохта шуда буд, меистод ва дар бари ӯ, аз тарафи рост, Маттитё, Шамаъ, Аноё, Уриё, Ҳилқиёҳу ва Маасиёҳу, аз тарафи чапаш бошад, Фадоё, Мишоил, Малкиё,+ Ҳошум, Ҳашбадоно, Закарё ва Машуллом меистоданд.
5 Эзро, ки аз тамоми мардум болотар истода буд, дар пеши онҳо китобро кушод. Ҳамин ки вай онро кушод, тамоми мардум бархест. 6 Он гоҳ Эзро Яҳува Худо, Худои бузургро, ситоиш намуд ва тамоми мардум дастони худро боло бардошта дар ҷавоб «Омин!* Омин!»+ — гуфтанд. Баъд аз ин онҳо зону зада рӯ ба замин ниҳоданд ва ба Яҳува саҷда бурданд. 7 Ешуа, Бонӣ, Шарабё,+ Ямин, Аққуб, Шабтай, Ҳудиё, Маасиёҳу, Қалито, Азарё, Юзобод,+ Ҳонон ва Фалоё, ки левизода буданд, Шариатро мефаҳмонданд,+ мардум бошад, рост истода гӯш мекард. 8 Онҳо китобро, Тавроти Худоро, қироат менамуданд, мефаҳмонданд ва маънидод мекарданд. Ҳамин тавр онҳо ба мардум кумак мекарданд, ки чизҳои хондаашонро бифаҳманд.+
9 Наҳемё, ки он вақт волӣ* буд, ҳамчунин Эзрои+ коҳини нусхабардор ва левизодагон, ки мардумро таълим медоданд, ба тамоми халқ гуфтанд: «Ин рӯз барои Худоятон Яҳува рӯзи муқаддас аст.+ Мотам нагиред ва гиря накунед», зеро тамоми мардум суханони Тавротро шунида гирён буданд. 10 Наҳемё ба онҳо гуфт: «Биравед, хӯроки серравған* бихӯреду нӯшобаҳои ширин бинӯшед ва ба касоне, ки чизе тайёр накардаанд, хӯроке бифиристед,+ зеро ин рӯз барои Худованди мо рӯзи муқаддас аст. Ғамгин набошед, зеро шодӣ аз ҷониби Яҳува қуввати дили* шумост». 11 Левизодагон тамоми мардумро ором карда мегуфтанд: «Гиряю нола накунед! Охир, имрӯз рӯзи муқаддас аст, зиқ нашавед». 12 Пас аз ин тамоми мардум рафтанд, ки бихӯранду бинӯшанд, ба дигарон хӯроке фиристанд ва аз таҳти дил шодӣ кунанд,+ зеро суханонеро, ки ба онҳо гуфта шуд, фаҳмиданд.+
13 Дар рӯзи дуюм сарварони хонаводаҳои тамоми мардум, коҳинон ва левизодагон дар гирди Эзрои нусхабардор ҷамъ омаданд, то ба суханони Таврот хубтар сарфаҳм раванд. 14 Он вақт онҳо фаҳмиданд, ки дар Таврот, ки Яҳува ба воситаи Мӯсо фармуда буд, навишта шудааст, ки ҳангоми иди моҳи ҳафтум исроилиён бояд дар хаскаппаҳо зиндагӣ кунанд+ 15 ва дар ҳамаи шаҳрҳояшон ва дар саросари Ерусалим эълон намоянд+ ва бигӯянд: «Ба кӯҳистон рафта, шохаҳои сербарги зайтун, санавбар, мӯрд, нахл ва дигар дарахтонро оред ва, чуноне ки навишта шудааст, каппаҳо созед».
16 Он гоҳ тамоми мардум баромада, шохаҳо оварданд ва ҳар яке дар боми худ, саҳни ҳавлии худ, дар саҳни хонаи Худо,+ майдони дарвозаи Об+ ва майдони дарвозаи Эфроим+ барои худ каппаҳо сохтанд. 17 Аҳли ҷамоате, ки аз асирӣ баргашта буданд, каппаҳо сохта, дар онҳо зиндагӣ карданд ва хеле хурсанд буданд,+ чунки аз замони Юшаи+ писари Нун то ба он рӯз исроилиён идро чунин ҷашн нагирифта буданд. 18 Ҳар рӯз, аз рӯзи якум то рӯзи охирин, китоби Тавроти Худоро қироат мекарданд.+ Онҳо идро ҳафт рӯз ҷашн гирифтанд ва дар рӯзи ҳаштум, чуноне ки талаб карда мешуд,+ ҷамъомади махсус баргузор гардид.